Бохтар: Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз - 2020

Дар варзишгоҳи “Пахтакори” - и маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода, раиси Кумитаи маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар ва дигар меҳмонони олиқадр дар сатҳи баланд доир гардид.
Пеш аз оғози чорабини меҳмонон аз Боғи Раҳмон Мурчаев, ки дар ин боғ чорабиниҳо оид ба Сайри гули лола ва ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ омода гардида буд, дидан намуданд. Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва меҳмонон аз намоиши рангоранги идонаи Наврӯзии шаҳру ноҳияҳо дидан намуданд.
Сипас, дар чорабинии фарҳангии бошукуҳе, ки дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар омодагардида буд, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба сухани табрики баромада, қайд намуд, ки боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз ҷашни бостонии Наврӯзи оламафрӯзро дар фазои сулҳу субот, оромию осоиштагии диёр бо рӯҳияи баланди идона дар маркази маъмурии вилоят шаҳри Бостонии Бохтар таҷлил намуда, онро чун ҷашни зиндагиву рӯшноӣ, некиву накӯкорӣ, ваҳдату созандагӣ азизу гиромӣ медорем.
Бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад.
Истифода аз фурсат бо камоли мамнуният, Шуморо бо фарорасии иди аҷдодиамон - Наврӯз, ки зодаи хиради азалӣ, андешаи созанда, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузашта-гонамон мебошад, самимона муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ, сарбаландӣ, рӯзгори ободу осуда ва барору муваффақиятҳои нав ба нав таманно дорам. Сипас, раиси вилоят бо камоли эҳтиром суханро ба Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода дода, Сарвазири мамлакат ҳозиринро бо фарорасии фасли Баҳор ва Наврӯзи хуҷастапай аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва аз номи худ тамоми иштирокдорони чорабиниро ва дар симои онҳо тамоми мардуми вилояти Хатлонро табрику муборакбод намуд. Барномаҳои фарҳангии бошукӯҳи Наврӯзи бошад хотири иштирокдоронро болида гардонид, ки аз тарафи Сарвазири мамлакат барномаҳои омоданамудаи фарҳангчиёни вилоят баҳои баланд дода шуд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.