Паёми табрикии раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин ба муносибати фарорасии иди Наврӯз

Ҳамдиёрони азиз!

Дӯстони арҷманд!

Ба сарзамини биҳиштосову куҳанбунёди мо Наврӯзи фархундапай, ки омаданашро кулли мавҷудоти рӯйи олам интизор буд, фаро мерасад. Наврӯз бо омаданаш   шодию хурсандӣ оварда, аз эҳёи табиат ва оғози соли нав мужда мерасонад.  Наврӯз яке аз қадимтарин ва муқаддастарин ҷашнҳои миллати тамаддунофари мо буда, рамзи офариниши ҳаёт, эҳёи табиат ва оғози тозаи зиндагӣ мебошад ва аз аҳди қадим, аз умқи қарнҳо то ба замони мо омада расидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷашнҳои суннатӣ ва қадимӣ будани Наврӯзро қайд намуда, таъкид мекунанд, ки: «Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад. Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд».

Бале, ниёгони хирадпешаву фарҳангофарини мо ин ҷашни суннатиро дар ҳама давру замон гиромӣ дошта, ба раѓми кӯшишҳои зиёд ҷиҳати аз байн бурдани он Наврӯзро ҳифз карданд. Ҳамин садоқат, меҳру муҳаббат ба таъриху фарҳанг, ба ҷашну анъанаҳои миллию суннатӣ буд, ки Наврӯз на танҳо аз байн нарафт, балки бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ гирифт,  ҷаҳонӣ гардид ва имрӯз аксар халқу миллатҳои ҷаҳон Наврӯзро ҳамчун иди миллии худ ҷашн мегиранд.

Воқеан ҳам Наврӯз иди меҳру муҳаббат, аз дилҳо зудудани кинаву кудурат ва ваҳдату баҳамоӣ буда, мардумро бо ҳам наздику қарин мегардонад, Одамон дар рӯзҳои ид ботини хешро аз андешаҳои бад пок сохта, бо муҳаббат, меҳру шафқат сӯи якдигар оғӯш мекушоянд.

Кулли мардум омад – омади Наврӯзро бо тайёрии хуб – поку тоза кардани манзилҳои худ, гирду атроф, роҳу кӯчаҳо, хиёбону майдонҳо, кабудизоркунӣ ва ғайра истиқбол мегиранд. Омодагӣ ба ҷашни Наврӯз имсол  барои сокинони шаҳри Бохтар  низ махсус буд.  Ҳанӯз аз оғози сол корҳои созандагию ободонӣ вусъати тоза пайдо намуданд. Зеро тибқи дастури Пешвои миллат чорабиниҳои ҷумҳуриявии Наврӯзи байналмилалӣ дар маркази вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар пешбинӣ шуд ва ба ин муносибат тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Ҳашарҳои умумхалқӣ доир гардида, мардум барои поку озода намудани шаҳри азизи худ ҷидду ҷаҳд ва кӯшишҳои зиёд ба харҷ доданд. Дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр садҳо ниҳоли гулу буттаҳо шинонда шуда, тамоми қувва барои ба таври шоистаю арзанда пешвоз гирифтани ин ҷашни мубораки миллӣ равона карда шуд. 

Бо дарки ин маънӣ имрӯз омодагиро ба ҷашнҳои дарпешистодаи 23 - солагии Ваҳдати миллӣ, 29 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар ва дигар санаҳои ифтихории миллат вусъат  додаем ва мусаллам аст, ки  вазифаи ҷонии ҳар кадоми мо таҳкими ваҳдати миллӣ, афзун намудани дастовардҳои даврони истиқлолият ва боз ҳам ободу зеботар кардани Ватан, содиқонаю софдилона амалӣ гардонидани нияту маромҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Наврӯз башоратдиҳандаи оѓози сол, фарорасии фасли баҳор, оѓози кишту кор мебошад. Наврӯзи имсола ба кишоварзони шаҳр низ файзу баракати нав хоҳад овард. Яке аз фазилатҳои Наврӯз ин аст, ки дар рӯзҳои ҷашн одамон ба меҳмонии ҳамдигар, ба аёдати пирону барҷомондагон мераванд, шахсони саховатпешаю ҷавонмард ба ятимону бепарасторон оилаҳои камбизоат, бемору муҳтоҷон дасти ёрӣ дароз мекунанд. Ин амалҳои нек дар шаҳри Бохтар ба ҳукми анъана даромадааст ва итминон дорам, ки он имсол низ идома хоҳад ёфт.

Итминон дорам, ки сокинони шаҳри Бохтар ваҳдати миллӣ, якпорчагии Ватан, сулҳу оромиро, ки бо ҷоннисорӣ ва заҳматҳои беандозаи Пешвои миллат ба даст омадаанд, чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, ба қадри ин рӯзгори ободу осоишта, мерасанд ва бо пуштибонӣ аз  сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат дар атрофи Президенти кишвар муттаҳид гашта, дар ҳама бахшу соҳаҳо софдилонаю бунёдкорона заҳмат менамоянд.  

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҳамаи Шуморо бо фаро расидани Наврӯзи хуҷастапай, ҷашне, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад, аз самими дил табрик намуда, бароятон   хотири ҷамъ, бахту саодат, сарбаландӣ ва рӯзгори неку осоишта орзу менамоям. Бигузор Наврӯз ба хонадони ҳар кадоми Шумо шодию сурур, файзу баракат ва пирўзиҳои тоза оварад.

Ҷашни «Наврӯз - 2020» муборак ҳамватанони азиз!

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.