Бохтар: Аз рафти интихобот

Рӯзи 1-уми марти соли ҷорӣ интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт.

        Бинобар иттилои Неъматзода Наим, раиси комиссияи  интихоботии шаҳри Бохтар, дар ҳудуди шаҳри Бохтар 39 ҳавза, 38 участкаҳои интихоботӣ барои қабули овозҳои шаҳрвандон фаъолият дорад. Дар участкаҳои интихоботии мо ҳамагӣ 49994 нафар овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст, ҳамзамон аз соати 6:00 то соати 14:00,   37895 нафар овоздиҳандагон овоз додаанд, ки ин шумора 75,8 % - и овоздиҳандагонро ташкил мекунад. Ногуфта намонад, ки дар ҳама участкаҳои интихоботӣ утоқи модару кӯдак ташкил карда шудааст. Ҳамчунин шахсони маъюб ё собиқадоронро бо гулдастаҳо дар ҳама участкаҳо пешвоз гирифтанд.

        Масъулон аз участкаҳои интихоботӣ участкаи № 6 ва № 23, ки дар маҳаллаи Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён аз ҳавзаи якмандатаи шаҳри Бохтар – 1 ва ҳавзаи якмандатаи интихоботии шаҳри Бохтар - 26, ки ду маҳалла Ҷаъфар Абдулоев ва Умари Хайёмро дар бар мегирад дидан карданд. Иттилоъ дода шуд, ки  дар участкаи интихоботии № 6,  1250 нафар овоздиҳанда ба қайд гирифта шудааст, ки то соати 11:00, 55%-и овоздиҳандагон райъи худро додаанд. Ҳамзамон гуфта шуд, ки участкаи мазкур соати 6:00- и субҳи 1-уми март  ба кори худ шуруъ намуда, тамоми шароитро барои маъюбон ва дигар табақаҳои ҷомеа пурра муҳайё  сохтааст. Боиси қайд аст, ки дар участкаи №23-и ноҳияи Кӯшониён аз шумораи бақайд гирифташуда 70 % овоздиҳандагон овози худро доданд. Ва дар участкаи  интихоботии № 13 низ аз 1662 нафар овоздиҳандаи бақайдгирифташуда  48% онҳо то соатҳои 13:00 овози худро додаанд.

- Ҳамзамон дар участкаи номбурда  нуқтаи тиббӣ ва хонаи модару кӯдак ва дигар шароитҳо фароҳам оварда шудааст, - гуфт раиси участкаи интихоботии №13 Давлатзода Зайдулло.  -  Ногуфта намонад, ки дар ин рӯз тамоми овоздиҳандагон бо мусиқиҳои тараннумгари Ватан - Модар  истиқбол гирифта шуданд, ки ин аз оромиву осудагии мардум ва сулҳу якпорчагии меҳани азизамон дарак медиҳад.

Бо ҳамин минвол дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ ин маъракаи муҳими сиёсӣ бо риояи тамоми талаботҳо ва қонуну қоидаҳои овоздиҳӣ дар интихобот баргузор гардид.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.