Сокинони шарафманди маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар низ қатори дигар шаҳрвандони кишвар имрӯз дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳо иштироки фаъолона намуда истодаанд. Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, Саломзода Сиҷоуддин, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар дар участкаи интихоботии №5-и шаҳри Бохтар, ки дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷойгир аст, ба ҳизб ва номзади мавриди назари худ овоз доданд.
Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин дар участкаи интихоботии мазкур бо мушоҳидони байналмилалӣ, ки аз кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ ҳузур доштанд, суҳбат намуданд.
Ҳоло дар ҳамаи участкаҳои интихоботии воқеъ дар ҳудуди шаҳри Бохтар овоздиҳандагон аз Бохтари бостон мавқеи худро муайян намуда истодаанд.