Бохтар: Чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи томактабии №12

      Рӯзи 21 - уми феврали соли равон бо иштироки роҳбарияти муассисаи томактабии №12 - и шаҳри Бохтар, намояндагони ниҳодҳои қудратӣ, муовини раиси Шӯрои ҷанги Афғонистон Саидраҳмон Давлатов, волидайни тарбиятгирандагон ва худи тарбиятгирандагони муассиса, чорабинӣ бахшида ба рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва хотирмон гузаронида шуд.

      Аз ҷониби тарбиятгирандагони муассиса дар бораи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ маълумот пешниҳод гардид.   

    Дар ин рӯз хурсандии кӯдакон ҳаду канор надошт, хурдсолон бо як ҳисси ватандӯстӣ, либосҳои ҳарбӣ ба бар намуда,  саҳначаҳои гуногунро дар мавзӯи мазкур пешкаш карданд. Ҳамзамон наврасон фаъолона шеърҳо дар васфи ватан қироъат карданд. Қисмати дигари чорабиниро суруду мусиқӣ ташкил медод. Дар охири чорабинӣ ба тамоми тарбиятгирандагони кудакистон туҳфаҳои идонаи таъсиснамудаи маъмурияти муассисаи томактабии №12  тақдим гардид.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.