Бохтар: Ғамхорӣ ба иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣ

       Бо дастури раиси шаҳри Бохтар санаи 21 - уми феврали соли ҷорӣ ба 5 нафар аз иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣ туҳфаҳои пулию молӣ ва сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар тақдим карда шуд.

       Боиси қайд аст, ки дар ин рӯз муовини раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар  Тутинисо Назарова ва дигар ҳамроҳон тариқи хона ба хона ба 5 нафар аз иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣ  Откин Димитрий, Файзалиев Сафаралӣ, Камолов Аброр, Ҳамроев Муҳаммадӣ,  Алиев Зайнулло, ки дорандаи 8 медал бахшида ба солҳои ғалаба дар ҷанги бузурги ватанӣ ҳастанд туҳфаҳои таъсисдодаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро расониданд.

      Ҳамзамон Абдуназарзода Шоиста оид ба хизматҳои шоёни онҳо табодули афкор намуда, изҳор дошт, ки иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣ доиман мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор доранд ва дар ҳар иду айём ҳавасманд карда мешаванд.

     Иштирокчиёни ҷанги бузурги ватанӣ  минатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор карданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.