Бохтар: ВОХӮРӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

    Рӯзи 21 - уми феврали соли ҷорӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин бо 22 нафар аз иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, муборизон барои барқарорсозии сохти Кониститутсионии кишвар ва садамаи Чернобел  дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бахшида ба рӯзи таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот доир намуд.

     Сараввал, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин тамоми ҷамъомадагонро ба ин рӯз шодбош гуфт. Изҳор гардид, ки тибқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин табақаи ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи хоса қарор доранд. Новобаста аз иду ҷашнҳо Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ба ин табақаи ҷомеа кумакҳои худро дареғ намедорад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки нақши иштирокчиёни саҳмгузорон дар барқарорсозии сохти кониститутсионӣ, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон ва садамаи Чернобел  дар таълиму тарбияи насли навраси даврони соҳибистиқлолӣ  хеле калон аст.

     Гуфтан ба маврид аст, ки бо ёдоварӣ аз он лаҳзаҳои мутҳиши ҷанги шаҳрвандӣ ва ҷанги Афғонистон ҷавононро ба роҳи сулҳу худшиносии миллӣ ва инсондӯстӣ ҳидоят карда, дар замири насли наврас ҳисси ватандӯстиро бештар мекунанд. Дар қисми ҷамъбастии вохӯрӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар ба ҳамаи иштирокдорони ҷамъомад сипоснома ва мукофотпулиро барои хизматҳои шоёнашон тақдим намуд.

      Сипас, аз ҷониби раиси ташкилоти ҷанговарони башардӯст Саъдуллоев Саидҷон ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин барои таваҷҷуҳи хоса минатдорӣ намуд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.