БО ДАСТУРИ РАИСИ ШАҲР АТРОФИ ТЕППАИ БОХТАР ПУРРА ТОЗАВУ ОЗОДА ГАРДИД

Дар назди теппаи таърихии “Қӯрғон”-и воқеъ дар маркази шаҳри Бохтар ситоди раиси шаҳр барпо гардид. Дар он иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, раисони маҳалла иштирок доштанд.

Дар ситод Саломзода Сиҷоуддин дар бораи маводи танқидие, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр гардидааст (оид ба эродҳои 3_23.JPGмаводи «10 АКС: ҲОҶАТХОНАИ АСРИ 21 ДАР БОХТАР , Ali Khatlani, бознашр аз гурӯҳи фейсбукии Бохтар (Қӯрғонтеппа) шаҳри зебои ман #Бохтар:"#Ба_гӯши_мурда_сухан) сухан гуфта, ҷиҳати ислоҳи фаврии камбудиҳои зикршуда ба масъулон дастур дод. Ба маъракаи тозаву озода намудани қисмати қафои теппа кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ ва дигар масъулон ҷалб гардиданд. Ҳудуди қафои теппа аз партовҳо, алафҳои бегона пурра тоза карда шуд. Ҳоҷатхонаи вайрона, ки солҳои тӯлонӣ кор намекард, пурра бардошта шуд. Баҳри кандан, тоза намудани ҷойи ҳоҷатхонаи мазкур 2 адад техникаи кории хоҷагии манзилию коммуналӣ истифода гардид.

2_26.JPGГуфта шуд, ки ҳамарӯза баҳри тозаву озода намудани чунин нуктаҳои шаҳр кор ҷараён дорад. Ҳадафи асосӣ тозаву озода ва гулгулшукуфон намудани маркази маъмурии вилояти Хатлон ва дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашнҳои миллию давлатии дарпешистода мебошад. Ёдовар бояд гардид, ки бо мақсади иҷрои қарори раиси шаҳри Бохтар аз 21 июни соли 2018, №198 «Дар бораи  Амри Президенти4.jpg Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, №АП - 1059, «Оид ба корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дархосту пешниҳодҳои фаъолону соҳибкорон то соли 2021 сохтмони беш аз 307 адад биною иншоотҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва инфросохторӣ ба нақша гирифта шуда, 102 иншооти он соли 2019 баистифода дода шуд. Қайд кардан лозим аст, ки бо ин мақсад корҳои ободонӣ ва гулгашт намудани кӯчаю хиёбонҳои шаҳр бо суръати баланд ҷараён дошта, беш аз 10 адад боғҳо, майдончаҳои варзишӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакона мавриди истифода қарор гирифта, намои беш аз 35 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ  рангубори замонавӣ карда шудаанд.

Чунин корҳои тозагӣ, ободонию бунёдкорӣ ва кабудизоркунӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ҳамарӯза вусъати нав касб мекунад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.