Раиси тозатаъини шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин аз рафти ҳашари умумишаҳрӣ дидан карда, барои саҳмгузорӣ дар тозаю зебо гардонидани шаҳр ба сокинон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ёдовар мегардем, ки барои сазовор ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони шаҳраку деҳот ҳар рӯзи шанбе ба ҳашар баромада, дар тозагии як гўшаи ватани азизамон саҳми худро мегузоранд. Дар ин раванд сокинони маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар худро бетараф нагирифта, бо пуштибони аз сиёсати Пешвои миллат ҳар ҳафта ба ҳашар баромада, дар тозаю диданӣ намудани шаҳри Бохтари бостон саҳми назаррас мегузоранд. Гуфтан ба маврид аст, ки барои руҳбаланд намудан ва аз вазъи зиндагию фаъолияти онҳо бархурдор шудан иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин бо мардуми заҳматдуст суҳбатҳои озоду ошкорои сарироҳӣ анҷом дод. Дар вохӯрӣ бо иштирокчиёни ҳашари умумишаҳрӣ Саломзода Сиҷоуддин ба сокинон таъкид кард, ки на танҳо рӯзҳои шанбе, балки ҳамарӯза бояд мо дар тозаю озода намудани гӯшаю канори ватанамон сараввал ҷойи зистамон саҳми арзишманд гузорем.
Гуфта шуд, ки сокинони шарафманди Бохтар баҳри сазовор истиқбол намудани ҷашнҳои миллию давлатии дарпешистода камари ҳиммат баста, аз як гиребон сарбароварда, бо истифодаи тамоми нерӯ ва маҳорати кории худ кӯшиш мекунанд, ки дар тозагӣ, ободонӣ ва кабудизоркунии маркази маъмурии вилояти Хатлон саҳми арзандаи худро гузоранд.
Итминон меравад, ки Наврўзи байналмилалӣ ва дигар ҷашнҳои дарпешистода дар сатҳи баланд ва бо омодагии ҷиддӣ таҷлил мегарданд.