Бохтар: НИШАСТИ МАТБУОТӢ БО ЗИЁДА АЗ 40 НАМОЯНДАИ РАСОНАҲОИ ХАБАРӢ

    Нишасти хабарии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода бо иштироки зиёда аз 40 нафар намояндагони васоити ахбори омма баргузор гардид.

Нахуст, Сиҷоуддин Саломзода оид ба бурду бохти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқи шаҳри Бохтар ба таври муффасал иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки нақшаи қисми даромади андозҳо бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ (контингентӣ) 100 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷои 155,2 млн сомонӣ 155,6 млн сомонӣ ворид гардид, ки он нисбати нақша 430 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ 100 фоиз таъмин гардида, ба ҷои 119,1 млн сомонӣ, 119,4 млн сомонӣ ворид гардид, ки он нисбат ба нақша 247 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 101 фоиз иҷро гардида, ба ҷои 36,1  млн  сомонӣ, 36,2 млн ворид гардид, ки он нисбати нақша 182,7 ҳазор  зиёд мебошад.

Қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҷои 90,01 млн сомонӣ, 89,4 млн сомонӣ харҷ гардида, 99 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Ҳамзамон 30,5 млн сомонӣ ҳиссаҷудокуни ба буҷети вилоят равона гардидааст, ки он 100   фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар баробари он 900 ҳазор сомонӣ ба фонди стабилизатсионӣ (20 фоиза) ва 100 ҳазор сомонӣ ба фонди сохтмони иншоотҳои махсуси ҷумҳуриявӣ (5 фоиза) равона гардид.

Инчунин Сиҷоуддин Саломзода афзуд, ки дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва корҳои хизматрасонӣ 209,4 млн сомониро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба соли 2018  ба маблағи 33,5 млн сомонӣ зиёд буда, афзоиши истеҳсол 19,1 фоизро дарбар мегирад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки маъмурияти ҶСК «Трансформатор», ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ»  ва “Кристал-АТТ” дар натиҷаи амалӣ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ҶСК «Трансформатор» истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба соли 2018 ба маблаѓи 5,9 млн сомонӣ, ҶДММ «Коргоҳи дӯзандагӣ» ба маблаѓи 1,1 млн сомонӣ, ва “Кристал-АТТ” ба маблағи 210 ҳазор сомонӣ зиёд намудаанд.

Сипас, намояндагони расонаҳои хабарӣ оид ба масъалаҳои иҷроиши нақшаи андозҳо, садамаи хати обгузар дар маҳаллаи Кайҳонавардон, ҷойи партовпартоӣ, сифати сохтмони иншооти ҷашнӣ, вазъи омодагии шаҳри Бохтар ба наврӯзи байналмилалӣ, ба тартиб овардани мошинҳо дар назди бозорҳои марказӣ, воридоти афтобусҳо ба Бохтар суолҳо пешниҳод карда, аз тарафи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр, муовинон, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ҷавобҳои дақиқ доданд.

       Сиҷоуддин Саломзода дар охир барои ҳамкорӣ ба намояндаҳои расонаҳои хабарӣ изҳори миннатдорӣ намуда, изҳор дошт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баҳи дастгирӣ ва ҳамкорӣ бо расонаҳои хабарӣ омода мебошад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.