Бохтар: ОМОДАГӢ БА 30 – СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар ҷаласа баргузор гардид, ки дар он Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуалим Исмоилзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон, Сиҷоуддин Саломзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар, масъулин аз кумитаи мазкур, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаҳои Дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассиса, раисони маҳаллаҳо ва дигар масъулон иштирок доштанд. Дар ҷаласа масъалаи омодагӣ ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш, таҳлил ва вазифагузорӣ қарор гирифт. Сиҷоуддин Саломзода оид ба ҳадафи асосии баргузории ҷаласа табодули афкор намуд.

Қосим Роҳбар ва Абдуалим Исмоилзода раванди корӣ ва натиҷаҳои имрӯзаи омодагиро ба риштаи таҳлил кашиданд. Изҳор гардид, ки кор аз рӯи нақшаи пешакӣ рафта истодааст. Бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 310 иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки аксарияти онҳо ба истифода дода шуданд ва дар арафаи «Наврӯз – 2020» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 27 иншооти ҷашнӣ дар нақша ҳаст.  

Ёдовар бояд гардид, ки сохтмони бинои истиқоматии панҷошёна воқеъ дар кўчаи Г. Норинов ба нақша гирифта шудааст, ки бино аз 40 ҳуҷра иборат буда, масоҳати умумии он 2729м2 ва масоҳати мағоза 709 м2 –ро ташкил медиҳад. Ҳамзамон сохтмони майдончаҳои варзишии футболи хурд бо инфрасохтораш, ки дар натиҷа 7 ҷойи корӣ ташкил мешавад. Бинои Кумитаи маҳаллаи Борбад воқеъ дар кӯчаи Борбад, ки аз 2 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат аст. Азнавсозӣ намудани чорроҳаи буриши кӯчаҳои ба номи С. Айнӣ ва Истиқлол дар масоҳати 5000 м2, сохтмони бинои маъмурии Муассисаи давлатии ниҳолпарварӣ ва кабудизоркунии шаҳр «Боғбунёд» воқеъ дар кӯчаи Кайҳонавардони шаҳр, ки аз 5 утоқи корӣ иборат мебошад. Сохтмони бинои 3 ошёнаи Маркази савдо ва хизматрасонӣ воқеъ дар кӯчаи ба номи Г. Норинов, ки 40 нафар бо ҷои корӣ таъмин хоҳанд гашт. Сохтмони бинои истиқоматии бисёрошна бо ташкил намудани маркази савдо ва хизматрасонӣ воқеъ дар кӯчаи ба номи С. Айнӣ, ки аз 25 ҳуҷра иборат буда, масоҳати умумиаш 1625м2 мебошад.

Сиҷоуддин Саломзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар дар бораи раванди корҳои сохтмонӣ, вазъи омодагӣ, тозакориҳо ҳарф зад. Гуфта шуд, ки барои дар сатҳи лозима иҷро намудани нақшаи пешбининамуда бо дарки масъулияти баланд бояд кор барем.

Сипас, Қосим Роҳбар, раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдуалим Исмоилзода, муовини аввали раиси вилояти Хатлон, Сиҷоуддин Саломзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар ва дигар ҳамроҳонашон аз рафти омодашвии иншооти ҷашнӣ дидан карданд.

Ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар аксарияти сохтмони иншооти ҷашнӣ бо маром идома дорад ва қисман дар арафаи анҷом низ ҳаст.

Гуфта шуд, ки сохтмони бинои истиқоматии чорошёна бо ташкил намудани боғчаи кӯдакона дар ошёнаи якум воқеъ дар кӯчаи ба номи С. Айнӣ, кӯдакистон барои 60 кат ба нақша гирифта шудааст. Муассиса аз 12 ҳуҷра иборат буда, масоҳати умумиаш 624м2 – ро дар бар дорад. Сохтмони бинои маъмурии Корхонаи фаръии «Хоҷагию коммуналӣ» - и шаҳр воқеъ дар кӯчаи ба номи М. С. Осимӣ №28 масоҳати умумии бинои маъмурӣ 392,47м2 масоҳати умумии бинои ошхона – 163,3м2, масоҳати умумии соябон 431 м2 –ро ташкил медиҳад. Сохтмони корхонаи истеҳсолии дучархаҳо ва насоҷҷӣ (ҷураббофӣ) воқеъ дар маҳаллаи ба номи М. Турсунзода, ки бо ташкилаш 56 ҷои корӣ ташкил хоҳад шуд. Сохтмони корхонаи истеҳсолии хӯрокворӣ, ки дар маҳаллаи ба номи М. Турсунзода ҷойгир буда, масолеҳи хӯрокворӣ истеҳсол менамояд. Ин коргоҳ барои 150 нафар ҷойи корӣ муҳайё менамояд. Ниҳолпарваришгоҳи дарахтони нодир ва гармхона дар масоҳати 480 м2 бо муҳаё намудани 18 ҷойи корӣ ба нақша гирифта шудааст.  

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.