СИҶОУДДИН САЛОМЗОДА АЗ ВАЗЪИ ОМОДАШАВИИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ДИДАН КАРД

Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар зери роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода аз иншооти ҷашнӣ, ки баистифодадиҳиашон дар арафаи ҷашни «Наврӯз-2020» ба нақша гирифта шудааст, дидан карданд. Аъзоёни гурӯҳи кориро роҳбари дастгоҳ, муовинони раиси шаҳр, мудирони шуъбаҳо, роҳбарони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои шаҳрӣ ташкил медод.

Сиҷоуддин Саломзода бо ҳар як иншооти ҷашнӣ, вазъи омодагӣ, раванди сохтмонҳо аз наздик шинос шуд. 

Сохтмони бинои истиқоматии ҳафтошёна бо ташкил намудани маркази савдо ва хизматрасонӣ, воқеъ дар кӯчаи ба номи С. Айнии шаҳри Бохтар, ки аз 42 ҳуҷра иборат буда, масоҳати умумиаш 2562м2, масохати маѓоза 512 м2 ташкил медиҳад. Пудратчӣ ҶДММ «Афшона» ва арзиши сохтмон   3231,0 сомониро дар бар дорад. Сохтмони бинои 4 ошёнаи Маркази саломатӣ дар кӯчаи ба номи С. Айнии шаҳри Бохтар намуди фаъолият ташхис ва табобат, бо фарогирии 37 ҷои корӣ арзиши сохтмон 2764 сомонӣ мебошад. Сохтмони нишони давлатӣ ва азнавсозии майдони 70 - солагии Водии Вахш воқеъ дар буриши хиёбони Ваҳдат ва кӯчаи ба номи С. Айнии шаҳри Бохтар дар масоҳати 25000м2 пудратчии сохтмон  ҶДММ «Бохтар-сохтмон», «Хатлонстройсервис» ва соҳибкорон арзиши сохтмон 11200,0 сомонӣ, сохтмони тарабхонаи «Эҳсон» воқеъ дар кӯчаи ба номи Борбади шаҳри Бохтар намуди фаъолият хизматрасонӣ, дорои 20 ҷои корӣ  арзиши сохтмон  2200,0 ҳазор сомонӣ мебошад. Сохтмони бинои иловагии  4 ошёнаи таълимии муассисаи ѓайридавлатии «Колеҷи тиббӣ - иҷтимоии шаҳри Бохтар» воқеъ дар кӯчаи Ҷ.Румӣ - 2, шаҳри Бохтар, фармоишгар Муассисаи ѓайридавлатии «Колеҷи тиббӣ - иҷтимоии шаҳри Бохтар фарогири 432 хонанда дар 1 баст, пудратчӣ ҶДММ «Хатлонбунёдкор» ва арзиши сохтмон 2211,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Сохтмони Кохи фарҳанг ва маркази иттиолотӣ воқеъ дар кӯчаи ба номи Борбади шаҳри Бохтар, ки масоҳати умумии он 4663,32м2 –ро ташкил медиҳад. Пудратчӣ ҶДММ «Амонаттехсер-вис», «Лоиҳа ва сохтмон», «Собир-Сам» ва арзиши сохтмон 17202,5 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Сохтмони бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар воқеъ дар кӯчаи Борбад фармоишгари сохтмон Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар буда, 5 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳро дар бар дорад. Пудратчӣ ҶДММ «Собир-Сам» ва арзиши сохтмон 650,0 ҳазор сомонӣ мебошад. Амсоли ин дар умум 27 иншооти ҷашнӣ омодагардида истодааст ва иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр Сиҷоуддин Саломзода аз ҳамаи иншоотҳо дидан карда, баҳри тезонидани кор, ислоҳи камбудию норасоиҳо дастуру супоришҳои қатъи дод.

Гуфта шуд, ки бояд дар кутоҳтарин муддат ҳамаи иншооти ҷашнӣ дар сатҳи лозима омода гарданд. Барои ин масъулонро зарур аст, ки шабонарӯз аз рӯи вазифаҳои гузошташуда кор баранд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.