ҶАЛАСА ОИД БА ПЕШБАРИИ НОМЗАДҲО

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон ҷаласа оид ба пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Бохтар №26 баргузор гардид, ки дар он аъзоёни комиссияи интихоботӣ, номзадҳо ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. 

      Нахуст, Ашурзода Амонулло, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Бохтар №26 оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳадафи асосии баргузории ҷаласа иттилоъ дод. Сипас, дар бораи ҳар як номзад маълумоти муфассал доданд.

Шарифов Сайбурҳон Ғазоевич директори литсейи касбии техникии шаҳри Бохтар, аъзои ҲХДТ, 2 – юми октябри соли 1977 таваллуд шудааст. Имрӯз дар бинои № - и кӯчаи Обшорони шаҳри Левакант мебошад. Шарифов С.Ғ дар асоси қарори Конференсияи якҷояи ҲХДТ дар шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияи Кӯшониён аз 9 январи соли 2020 таҳти №5 пешниҳод гардидааст.

Баҳригул Қушов раиси Ҳизби комунистии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №3, соли таваллудаш 16 июли соли 1950, сокини шаҳри Бохтар, кӯчаи Борбад - 7 мебошад. Ӯ дар асоси қарори Конференсияи ҲКТ дар шаҳри Бохтар аз 13 январи соли 2020 пешниҳод шудааст.

Сарвиноз Маҷидова ходими илмии шуъбаи татқиқотҳои минтақавӣ ва ҷойгиркунонии қувваҳои истеҳсоли Институти иқтисод ва демографияи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои ҲИИТ, соли таваллудаш 18 сентябри соли 1986, сокини шаҳри Бохтар, маҳаллаи Саричашма, кӯчаи Муқанаъ дар асоси қарори Конференсияи ҲИИТ дар шаҳри Бохтар аз 6 январи соли 2020, №1 пешниҳод гардид.

Ниёзалӣ Ашуров мудири шуъбаи маорифи шаҳри Левакант, аъзои ҲХДТ, соли таваллудаш 4 сентябри соли 1964, сокини шаҳри Левакант, ҷамоати деҳоти Ваҳдат, деҳаи Зағертут бо тариқӣ худпешбарӣ пешниҳод шудааст.

Роҳила давлатова директори боғи истироҳатии «Нишони давлатӣ» - и шаҳри Бохтар, аъзои ҲХДТ, соли таваллудаш 18 июли соли 1966, сокини шаҳри Бохтар, маҳаллаи Истиқлол бо тариқи худпешбарӣ пешниҳод гардид.

      А. Ашурзода ба ҳамаи номзадҳо шаҳодатномаи номзади ба вакилиро тақдим намуда, ба онҳо барору муваффақият хост.

Котиби матбуоти

раиси шаҳри Бохтар

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.