МУЛОҚОТИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР САЛОМЗОДА СИҶОУДДИН БО САФИРИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин бо сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон  вохӯрӣ намуд. Мулоқот дар толори хурди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо иштироки муовинони раиси шаҳр ва дигар масъулон дар сатҳи баланд доир гардид. Дар ин мулоқот як қатор масъалаҳои оид ба ҳамкориҳо ва иҷроиши лоиҳаву барномаҳо мавриди баррасӣ ва таҳлилу гуфтушунид қарор гирифт. Ҷониби Ҳиндустон оид ба вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва дороию имкониятҳои Бохтари бостон таваҷҷуҳ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар ин шаҳри иқтисодӣ мебошад ва имкониятҳои васеъро дорост. Ин шаҳр ҷойи тиҷорат, фарҳанг ва тамаддун аст. Дар бораи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, каммуналӣ маълумот дода шуд. Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат шаҳри Бохтар бо хубӣ рушд намуд ва қариб кӣ ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ рушд ёфт.

     Ҳамзамон сафири Ҳиндустон ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф, вазъи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ намуда, изҳор дошт, ки сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон имконияти таъмин намудани маркази ёрии таъҷилӣ бо мошини ёрии таъҷилӣ ва таъминоти муассисаҳои таълимӣ бо компютерҳо мебошад. Ин ҳама дар асоси барномаҳои махсус пешниҳод мегарданд.

Сипас, дар бораи соҳаи филмсозӣ, дӯстии мардуми тоҷик ва ҳинд, шартномаҳои байнидавлатӣ ва мулоқотҳои роҳбарони ду давлат, ҷойҳои сайёҳию таърихии шаҳри Бохтар гуфтагӯ карданд.

     Дар қисмати дигар бо арзи эҳтиром ва арҷгузории дӯстию ҳамкориҳо ба сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон туҳфаҳои бозгӯкунандаи анъана ва таъриху фарҳанги тоҷикон аз тарафи раиси шаҳр Саломзода Сиҷоуддин тақдим намуд. Сафир низ бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкориҳо ба раиси шаҳр изҳори миннатдорӣ намуда, туҳфаи мардуми ҳиндуро пешкаш кард.

Дар охир С. Саломзода сафири Ҷумҳурии Ҳиндустонро бо дигар ҳамроҳон ва наздиконашро ба ҷашни наврӯзи байналмилалӣ – 2020 даъват намуд. Мулоқоти мазкур бо гирифтани акси хотиравӣ анҷом ёфт.        

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.