СУҲБАТИ НАМОЯНДАГОНИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ БО СОКИНОНИ ШАҲРИ БОХТАР

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд  баҳри  дар амал  иҷро ва баррасӣ намудани он дар  Кохи Ватани шаҳри Бохтар вохӯрӣ бо аҳли зиёӣ, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо доир гардид. Дар вохӯрии намояндагони ҳифзи ҳуқуқ, ки бо мақсади пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нест кардани амалҳои коррупсионӣ ва дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи дар пеш истода доир гардад буд, масъалаи масъулияти падару модар дар таъиму тарбияи фарзанд ва гирифтани сади роҳи ҷинояткорӣ миёни ҷавонону наврасон баррасӣ гардид.

Сараввал намояндаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикиситон дар вилояти Хатлон  М. Қосимзода аз нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, аз ҷумла сиёсати дохилию хориҷии кишвар, дастгириҳои ҳукумати мамлакат ба ниёзмандону ятимон ёдовар гардиданд. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки аз ҷониби баромадкунанда зикр гардид ,интихоботи дар пешистода, ки санаи 1 марти соли равон баргузор мегардад, ҳамчунин  зиёд гардидани амалҳои номатлуби замон буд.

Дар баромади худ сардори ШВКД дар шаҳри Бохтар Набиҷон Исозода  қайд намуд, ки яке аз сабабҳои асосии даст задани ҷавонон ба ҷинояткорӣ ва зиёд гардидани амалҳои номатлуб тарбияи нодурусти фарзандон мебошанд. Беаҳамиятии омӯзгорон ва пушонидани гуноҳи хонандагон дар ташкили ҷангҳои гурӯҳи миёни наврасон омилҳои рушд ёфтани корҳои ношоям аст.  Ёдовар шуд, ки сатҳи ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Бохтар зиёд дида мешавад. Ҳамчунин аз фаъолияти имомхатибон изҳори норозӣ намуд. Ба иттилои сарчашма намояндагони яке аз аз гурӯҳҳои ифротӣ ба номи  “Ихвон-ул-муслимин” “Бародарони мусалмон” дастгир гардидаанд. Ба имомхатибон таъкид намуданд, ки онҳоро мебояд дар маъвизаҳои худ оид ба пешгирии терроризму экстремизм, дӯст доштани ватан ва арзишҳои миллӣ пеш аз гузоштани намоз дар масҷидҳои ҷомеъ маърузаҳо намоянд.

Дар ҷамъбасти вохӯрӣ суолу ҷавобҳо миёни иштирокдорон баргузор гардид, ки масъулин ба онҳо посухҳои аниқу мушаххас доданд. Мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Қурбонбӣ Забирзода назди масъулин ваъда дод, ки бо аҳли устодон кушиш менамояд то дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва роҳбариятро ба хубӣ иҷро намоянд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.