С. Саломзода: «Дари мо ҳамеша кушодааст»

Бо мақсади таъмин намудани иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» мувофиқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар қабули шаҳрвандон мувофиқи матлаб ба роҳ монда шудааст. Дар ин асос қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳр, муовинон ва роҳбари Дастгоҳ нақшагузорӣ гардидааст.

И.В. Раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода рўзҳои шанбе қабули шаҳрвандонро доир мекунад, ки ба пуррагӣ муроҷиати шаҳрвандон шунида мешавад ва дар ҳалли мушкилоти онҳо мувофиқи имконияти мавҷуда мусоидат мекунанд. Ҳафтаи сипаригардида ба таври анъанавӣ қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳри Бохтар гузаронида шуд. Ин навбат қабули шаҳрвандонро иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Сиҷоуддин Саломзода гузаронид. Дар қабули шаҳрвандон муовинони раис, роҳбари дастгоҳ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони маҳаллаҳо низ ҳузур доштанд. Дар қабул зиёда аз 10 нафар шаҳрвандони маркази маъмурии вилояти Хатлон иштирок намуда, муроҷиати худро ба иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр расониданд.

Ёдовар бояд гардид, ки шаҳрвандон оид ба масъалаҳои ҳуҷҷатгузории заминҳои наздиҳавлигӣ, хона ва молу мулк муроҷиат карданд. Ғайр аз ин, муроҷиати шаҳрвандон кумакҳои молиявӣ, кумак барои табобати беморон, тақсимоти дурусти молу мулк ва дигар масъалаҳои оилавиро дар бар мегирифт.

С. Саломзода муроҷиати ҳар як шаҳрвандро ба пуррагӣ шунид ва ба хотир мусоидат дар ҳалли мушкилоти онҳо муовинони худ, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъбаҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдорро вазифадор кард.   

                                               Котиби матбуоти

раиси шаҳри Бохтар

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.