Бохтар: РУШДИ САЁҲАТИ ДОХИЛӢ

Бо ташаббуси бахши сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баҳри рушди саёҳати дохилӣ кормандони ташкилоту муассиса ва корхонаҳои шаҳриро ба манзараҳои дилфиреб ва гӯшаву канори дидании кишвар сафарбар намуданд. 25 нафар кормандони соҳаи маорифи шаҳр ба Сафед дара рафтанд, – гуфт мутахассиси бахши сайёҳӣ Абдулвоҳид Бобоҷонов.

Ёдовар бояд гардид, ки бо мусоидати бахши сайёҳии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр давоми соли 2019 барои наврасону ҷавонон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ саёҳати дохилӣ ташкил гардид, ки онҳо аз манзараҳои дилфиреб, мавзеъҳои фарҳангию таърихӣ ва дигар гӯшаҳои сайёҳии вилояти Хатлон дидан намуданд.

Маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар яке аз шаҳрҳои сайёҳӣ ва таърихист, ки аз ҷойҳои диданӣ, фарҳангию таърихӣ иборат аст. Ин аст, ки ҳамасола саёҳони зиёде аз дохил ва хориҷи кишвар барои дидан ва истироҳат ба Бохтари бостон сафар мекунанд.

А. Бобоҷонов изҳор дошт, ки сафарбар намудани наврасону ҷавонон ва калонсолон барои тамошои дигар гӯшаҳои фарҳангию таърихии мамлакати биҳиштосоямон дар соли 2020 идома дорад. Ба наздики саёҳати дохилии боз гурӯҳи дигари кормандони ташкилоту муассиса ва корхонаҳо ба нақша гирифта шудааст.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.