ПЕШБАРИИ ЧОР НОМЗАД БА ВАКИЛИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Санаи 13 январи соли равон Конфиренсияи ХХ1 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бо иштироки муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, раисони комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, роҳбарони ташкилоти ибтидоӣ ва зиёда  аз 300 нафар вакилону даъватшудагон  баргузор гардид.

Дар конфронси мазкур, ки дар толори Кохи Ватан доир гардид, ду масъалаи муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки он ҳам  пешбарии номзадҳои Ҳизби Халќии Демократии Тоҷикистон ба вакили Маҷлиси вакилони халқии вилоят ва Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар буд. Маврид ба ёдоварист, ки аз ҷониби иштирокдорони конфиренсияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон чор нафар номзад аз ҲХДТ аз шаҳри Бохтар пешбарӣ гардид.

Дар раванди он дигар масъалаҳои вобаста ба шаффоф гузаштани интихобот аз ҷониби масъулин таҳлил гардид.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.