А. Исмоилзода: «Соли 2019 рушди кишоварзӣ мувофиқи матлаб буд»

Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ 63,9 млн сомониро ташкил намуда, нисбати соли 2018 ба маблағи 6,8 млн сомонӣ зиёд ё ки афзоиши истеҳсоли маҳсулот 11,9 фоизро ташкил медиҳад, - гуфта шуд дар ҷаласаи ҷамбастӣ, ки дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Илова гардид, ки баҳри иҷрои нақшаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тадбирҳо андешида, майдони кишт барои соли 2019 аз ҳисоби хоҷагиҳои деҳқонӣ 509 га, аз ҷумла ғаладонагиҳо 23 га, зироатҳои техникӣ, аз ҷумла пахта 309 га, сабзавот 155 га, картошка 20 га ва зироатҳои хӯроки чорво 2 га кишт карда шуда, ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо 2050,7 тонна, картошка 1078 тонна, сабзавот 16272,5 ва мевагӣ 231 тоннаро ташкил медиҳад. Ин нишондод нисбати соли 2018 ғалладонагиҳо 126 тонна, сабзавот 2270 тонна ва мевагӣ 35 тонна зиёд мебошад. Ҷамъоварии ҳосили пахта 717,5 тоннаро ташкил намуда, нисбати соли 2018 ба миқдори 45 тонна зиёд мебошад.

Аз ҳисоби хоҷагиҳои аҳолӣ гушт 117,8 тонна, шир 495 тонна, асал 1,6 тонна ва тухм 184 ҳазор дона истеҳсол гардидааст.

Нақшаи содирот 670 тонна пешбинӣ гардида, 100,5 фоиз иҷро гардидааст. Ҳамзамон нақшаи пилласупорӣ 100 фоиз иҷро шуда, 1,6 тонна истеҳсол гардид.  

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.