Бохтар: Санҷиши вазъи зимистонгузаронӣ

Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо роҳбарии Шоиста Абдуназарзода, муовини раиси шаҳр ва Ҷумъахон Меҳмондӯстзода, роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳр аз вазъи омодагии ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ тибқи супориши раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода дидан карданд.

Ёдовар бояд гардид, ки дар асоси қарори раиси вилояти Хатлон аз 19 апрели соли 2019 №111 «Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 - 2020», қарори раиси шаҳр аз 15 – уми майи соли 2018, №206 қабул гардида, мувофиқи нақшаи чорабиниҳои он иҷрои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019 – 2020 ва захираи ҳамаи намуди сӯзишвориҳо, таҷҳизотҳои барқии гармидиҳанда, маводҳои зиддилағжиш ва захираи маводҳои ғизоӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр Ситоди шаҳрӣ дар ҳайати 23 нафар бо роҳбарии муовини якум ва муовинони раиси шаҳр таъсис дода шуд.

     Маблағгузории соҳаи маориф, тандурустӣ, роҳдорӣ, инчунин нақшаи захираи маводҳои зиддилағжиш пурра иҷро гардида, соҳаҳои мухталиф ба давраи зимистонгузаронӣ омода мебошанд.  

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.