Бохтар: Қабули шаҳрвандон аз тарафи раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода

Дар қабули шаҳрвандон ин навбат зиёда аз 10 нафар сокинон иштирок намуда, мурољиати худро ба раиси шаҳр расониданд. Абдуалим Исмоилзода изҳор дошт, ки қабули шаҳрвандон ба хотири мусоидат дар ҳалли мушкилоти сокинон ва дастигирии онҳо гузаронида мешавад. Ба ин хотир ҳар як шаҳрванди шаҳр ҳуқуқ ва имконият дорад, ки ҳар ҳафта рўзҳои шанбе дар қабули раиси шаҳр ва дигар рўзҳои муайян дар қабули муовинони раис, роҳбари дастгоҳ иштирок намуда, муроҷиати худро расонад. Сипас, шаҳрвандон оид ба масъалаҳои мушкилоти иқтисодӣ, муноқишаи хонаводагӣ, ба тартиб даровардани ҳуҷҷатҳои амвол ва замин, нофаҳмоию муноқиша байни ҳамсояҳо, тақсимоти амвол ва замин, дарёфти ҷои корӣ ва амсоли ин муроҷиат намуданд. Абдуалим Исмоилзода оид ба ҳар як масъалаи муроҷиатнамудаи сокинон муовинони худ, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои дахлдорро масъул гардонид. Гуфта шуд, ки то рўзи панҷшанбе оид ба мусоидат дар ҳалли ҳар як масъалаи вазифадоргардида масъулон ба раиси шаҳр ҳисоботи хатӣ хоҳанд дод. Мақсади асосӣ мусоидати пурра дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандон мебошад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.