Бохтар: Баргузории Шӯрои навбатии пешгирии амалҳои корупсионӣ

Дар прокуратураи шаҳри Бохтар Шӯрои пешгирии амалҳои корупсионӣ бо иштироки прокрори шаҳр Нусратзода, сардори ШВКД Исозода Набиҷон, муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода, муфатиши калони прократура Назарзода Ф, намояндаи маориф Ҷалилов Алишер, мудири боғчаи №12 Сафарова ва дигар масъулон иштирок доштанд.

Дар шӯрои мазкур баромадкунандагон оид ба сабабҳои зиёд гардидани амалҳои корупсионӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он табодули афкор намуданд. Назарзода зимни суханронии худ зикр кард, ки имрӯз дар шаҳр 11 - амали даст задан ба корупсия  аз ҷониби масъулини соҳа ба қайд гирифта шуда, ошкор гардидааст. Ин вазъро Шоиста Абдуназарзода хело ташвишовар унвон кард. Дар поёни шуро аз ҷониби иштирокдорон гуфта шуд, ки маҳз бо талошу сахтгириҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалҳои корупсионӣ ва даст задан ба ҷинояткорӣ кам шуда истодааст ва фаъолияти ин соҳа пурзур гардидааст.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.