Бохтар: ОРОИШИ АРЧАҲОИ СОЛИНАВӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар дар назди майдони Парчам барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Соли нави мелодӣ арчаи солинавӣ бо баландии 18-метр, ки бараш ҳафт метрро дар бар мегирад сохта шудааст. Арчаро  бо ҳаргуна ороишоти солинавӣ хеле хуб оро додаанд, ки бо зебогияш ба шаҳр ҳусни дигар бахшидааст. Дар гӯшаву канори шаҳр на камтар аз 10 - арчаҳои сабзи соли навӣ оро дода шудааст, аз ҷумла  дар назди Кохи Лоҳутӣ, Кохи Ватан, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ ба номи Раҳмон Мурчаев ва театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов.  Арчае, ки  дар назди Парчам ќомат афрохтааст, аз тамоми дигар арчаҳое, ки дар шаҳр қомат афрохтааст, ба куллӣ фарқ  мекунад. Зеро дар болои арча ситорае гузошта шудааст, ки дар шаб аз худ равшании рангоранг медиҳад, ки тамоми арчаро бо равшании худ боз ҳам зебову диданӣ менамояд. Гулҳои ранга бошад, ҳусни дигар ба арча зам намудааст. Бо ҳар гуна силсилаҳо, равшандиҳандаҳои барқӣ,  зангулакҳои ҷилодор зебу зинат дода шудааст.  Дар назди арчаи солинавӣ сокинон бо фарзандони худ  омада, аксҳои хотиравӣ мегиранд.

Бигузор соли наве, ки фаро мерасад як соли пур неъмату пур аз шодиҳо бошад ва ҳамеша тинҷию амонӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо побарҷо бошад.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.