Бохтар: Сайёҳати дохилӣ барои аъзоёни Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат

Дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин равнақ додани туризми дохилӣ, чанд тан аз аъзоёни Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат ба дидани  мақбараи  ҳазрати Имом Зайналобиддин фиристода шуданд.

Иқдоми мазкур бо дастгирии раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзодда,  баҳри ҳавасманд гардонидани шахсони рӯзгордида ва фаъолони ҷомеа амалӣ гардид. Сафар аз шаҳри Бохтар оғоз шуд. Ҳангоми ворид гардидан ба ноҳияи Дӯстӣ масъулини ноҳия бо хушҳолӣ онҳоро пешвоз гирифта, то зиёратгоҳи мазкур роҳбаладӣ намуданд ва аз таърихӣ таъсиси мақбараи ҳазрати Имом Зайналобиддин иттилоъ доданд. Зикр гардид, ки ҳамарӯза сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин ҷо сафар намуда, махсусан рӯзҳои чоршанбе макони мазкур серодам мегардад.

Бояд ёдовар гардид, ки мақбараи ҳазрати Имом Зайнолобиддин дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Ваҳдати ноҳияи мазкур ҷойгир буда, соли 2010 он ба пуррагӣ  аз нав бозсозӣ шудааст. Бинои ҳозираи мақбара солҳои  бистуми қарни ХХ аз хишти хом ба таври меъмории Салҷуқиён (гумбазҳои қонусшакл) бунёд шудааст. Мақбара аз як бинои росткунҷашакл дар имтидоди шимол ба ҷануб бо андозаи 13х5 метр иборат  мебошад. Гирду атрофи он бо дарахтони ҳамешасабз ва гулҳои садбарг оро дода шудааст.

Пиронсолон аз доштани сафар ба манзилгоҳи мазкур хело шод буданд. Яке аз сафаркунанда ёдовар гардид, ки зиёд мехост бори дигар ба ин макон омада зиёрати Имом Зайнолобидинро намояд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти двлатии шаҳри Бохтар орзуи ӯ амалӣ гардид. Дар раванди сафар роҳбари собиқадорони ҷангу меҳнат Тӯтихон Назарова қайд намуд, ки дар оянда сайҳат ба дигар ҷойҳои таърихии вилоят ба нақша гирифта шудааст.

Миёна: 3.7 (3 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.