Бохтар: Дар ободии шаҳрамон саҳм мегузорем

Рӯзи 20- уми декабри соли ҷорӣ бо иштироки раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода, муовинони раиси шаҳр, роҳбарону кормандони чанде аз идораю ташкилотҳои шаҳрӣ дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Раҳмон Мурчаев ҷамъомад баргузор гардид. Ҳадафи аслии баргузории ҷамъомади мазкур нишон додани тартиби дурусти шинонидани гулҳои мавсимӣ ва саҳмгузорӣ дар зебогии маркази маъмурии вилояти Хатлон мебошад.  

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикор ва дастури раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода барои сазовор истиқбол намудани ҷашни байналмилаллии “Наврӯз – 2020” ва сазовор истиқбол гирифтани 30 – солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати Голандия ба миқдори зиёда аз 1 милион гули лола ба шаҳри Бохтар барои сарсабз ва гулгушукуфон намудани гулгаштҳою мавзеъҳои фароғатии шаҳр оварда шуд.

А.Исмоилзода изҳор дошт, ки шинонидан ва нигоҳдошти гулҳо нозукиҳои худро дорад. Масъулинро зарур аст, ки ба ҳамаи қоидаҳои нигоҳдошти гулҳо риоя кард. Маҳз дар ҳамин маврид ҳамаи гулҳои шинонида шуда бо хуби нашъунамо меёбанд ва ин шаҳрро шаҳри гулҳо хоҳем кард.

Сипас дар боғи номбурда ба шинонидани гулҳои гуногуни мавсимӣ шуруъ намуда тартиби дурусти онро ба иштирокдорон омӯзониданд.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.