Бохтар: КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ  ВА  ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ҶАВОНОН

       Дар коллеҷи тиббии шаҳри Бохтар гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо омӯзгорону донишҷӯён ва волидони донишҷӯён вохӯрии иттилоотӣ доир намуданд. Дар вохӯрӣ оид ба як қатор масъалаҳои мубрами рӯз суҳбат оростанд. Инчунин дар бораи амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористӣ, даст задан ба ҷинояткорӣ, дастгириҳои давлату ҳукумат нисбати ҷавонон, касбу ҳунаромӯзӣ, забондонӣ, барбарҳуқуқии зану мард ва дигар мавзӯъҳои муҳим маълумот дода шуд.

Дар қисмати дигар бо иштирокдорони вохӯрӣ суҳбати озод ва суолу ҷавоб гузаронида шуд. Сипас, як қатор ҷавонони фаъолро қадрдонӣ карданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.