Бохтар: Озмуни «Омӯзгори сол - 2019»

Бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар ва эҷодкор озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» оғоз гардида, даврҳои якуму дуюм ва сеюми ин озмун дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо баргузор гардида истодааст. Дар шаҳри Бохтар низ дар даври шаҳрии озмуни мазкур беҳтарин ва пешсафтарин омўзгорони муассисаҳои таълимӣ иштироки фаъолона намуданд.  

Дар маросими ифтитоҳи он, ки дирӯз баргузор гардид, мудири шуъбаи маорифи шаҳр Қурбонбӣ Забирзода, кумитаи тадорукотии озмун, аъзои ҳакамон, иштироккунандагон ва намояндагони муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.

Қ. Забирзода иброз намуд, ки озмуни мазкур охири ҳар сол бо мақсади дарёфти омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиби таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарин гузаронида шуд.

Озмун дорои талаботҳои худ аст. Аз ин лиҳоз на ҳамаи омӯзгорон ба озмун роҳ ёфта метавонанд. Омӯзгороне, ки ба талаботи озмун мутобиќат мекарданд донишу маҳорати худро дар озмун санљиданд.

Аз натиҷаи озмуни даври шаҳрї ва роҳхат гирифтани омӯзгорон ба даври вилоятӣ хабар хоҳем дод.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.