Бохтар: БОХТАРРО ТОЗАВУ ОЗОДА МЕКУНЕМ

Имрӯз низ бо дастури раиси шаҳри Бохтар шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд, ки дар ин кормандони ташкилоту муассиса, корхонаҳо, донишҷўёну хонандагон ва дигар сокинони шаҳр иштирок намуданд.

Дар ин чорабинии умумишаҳрӣ аҳли маорифи шаҳри Бохтар нақши созгор гузошт. Ду тарафи шоҳроҳ, майдони Ваҳдати миллӣ ва дигар гӯшаву канори шаҳрро аз алафҳои бегона, партовҳо тоза намуда, дар тозагӣ ва зебогии маркази маъмурии вилояти Хатлон саҳмгузорӣ намуданд.

Ёдовар бояд гардид, ки ҳар ҳафта кормандони соҳаи маорифи шаҳр дар чунин корҳои ҷамъиятӣ иштироки фаъолона намуда, дар тозагию озодагӣ, ободонию гулгулшукуфии Бохтари бостон саҳми беандоза доранд.

Чунин шанбегиҳои умумишаҳрӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида истодаанд. Итминон меравад, ки 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ, ободонию гулгулшукуфоии меҳани азиз истиқбол мегирем.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.