Бохтар: УСУЛИ ҶАДИДИ ФАҲМОНДАДИҲӢ – УСУЛИ ХОНА БА ХОНА

Бо мақсади ташкили корҳои фаҳмондадиҳӣ гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо дастури раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода зери роҳбарии муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода усули хона ба хонаро ба роҳ мондаанд. Давоми чандрӯз мешавад, ки гурӯҳи кории мазкур дар маҳаллаҳои Айнӣ, Умари Хайём ва Ҳоҷӣ Шариф дар шакли хона ба хона корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, бо аҳолӣ аз наздик оид ба амалишавии қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, бо телефони мобилӣ ба муассисаи таълимӣ рафтани наврасону ҷавонон, ба ҷинояту ҷинояткорӣ даст задани ноболиғон ва ҷавонон, пешгирӣ аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас суҳбат гузарониданд.

Дар дигар маҳаллаҳо ва хонаҳо чунин вохӯриҳо идома доранд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.