Бохтар: ИДОМАИ КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ №11

     Имрӯз дар муассисаи таълимии №11 – и шаҳри Бохтар бо иштироки гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр зери роҳбарии Шоиста Абдуназарзода, муовини раиси шаҳр вохӯрии иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ бо волидайни хонандагон, омӯзгорон ва толибилмони муассисаҳои маркази маъмурии вилояти Хатлон баргузор гардид. Нахуст, Ш. Абдуназарзода суханронӣ карда, дар бораи ҳадафи аслии баргузории ҷамъомад табодули афкор намуд. Изҳор дошт, ки вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои терорристӣ, даст задан ба ҷинояту ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои номатлуб гузашта истодаанд.

Ёдовар бояд гардид, ки чунин вохӯриҳои иттилоотӣ ҳамарӯза дар ташкилоту муассиса, корхонаҳо ва кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр баргузор гардида истодааст. Дар ин вохӯриҳо табақаи гуногуни ҷомеа иштирок дорад.

Дар рафти ҷамъомад гуфта шуд, ки тарбия аз хона сарчашма мегирад. Волидайнро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи фарзанд доиман масъулияти ҷиддӣ дарк намоянд. Зеро кӣ ва чи гуна шахс шудани наврас аз таълиму тарбияи зинаи ибтидоии ӯ вобастагии калон дорад. Сипас, сардори шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Бохтар Набиҷон Исозода, мудири шуъбаи маориф Қурбонбӣ Забирзода, раиси ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Тавакал Наҷидуллоев ва дигар масъулон баромад карда, оид ба мавзӯи вохӯрӣ изҳори андеша намуданд. Ин ҷо дар бораи наврасону ҷавононе, ки ба ҷангҳои гурӯҳӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ даст мезананд ва ё ин тартиботи ҷамъиятиро аксаран халалдор мекунанд, ибрози назар намуданд.

Дар қисмати дигар волидон ва толибилмон вобаста ба мавзӯъ ва дастгириҳои давлату ҳукумат, пешгирии ҷавонон аз ҷинояту ҷинояткорӣ, ба дарс бе телефони мобилӣ омадани хонандагон, омодагии хонандагон барои идомаи таҳсил дар макотиби олӣ ва дигар самтҳои мавзӯъ табодули назар карданд.

Дар охири ҷамъомад як қатор падару модарони фаъолро бо ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар қадрдонӣ карданд.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.