Бохтар: Маъюбон дастгирӣ меёбанд

Бахшида  ба  Рӯзи  байналмилалии  маъюбон,  ки  ҳамасола   санаи  3-юми  декабр  қайд   карда  мешавад,  аз  тарафи роҳбарияти шаҳри  Бохтар  иқдоми   саховатмандона   нисбати   шахсони  имконияташон  маҳдуд  сомон дода шуд. Дар тарабхонаи  орзу  барои  ин   қишри  ҷомеа   хони  идона  ороста  шуд.

Роҳбарияти  сатҳи  олии мамлакат   дар сиёсати   халқпарваронаи худ  ҳифзи  иҷтимоии  шахсони  имконияти  маҳдуддошта, ятимону  барҷомондагонро   дар маркази   таваҷҷуҳ  қарор додааст.  Дар партави сиёсати халқпарваронаи  Президенти мамлакат роҳбарияти  шаҳри  Бохтар  иқдоми  наҷибонаеро  сомон доданд.  

Дар  назди  ҳозирин  намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри  Бохтар   оид ба  дастгириву    ғамхориҳои  рӯзафзуни  роҳбарияти сатҳи олии  мамлакат, бахусус  Президенти  кишвар, асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ, пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар ҳаққи  шахсони   имконияташон  маҳдуд, ятимону  барҷомондагон   суханрони  намуд.  Гуфта  шуд,  ки  дар  ҷомеаи  соҳибистиқлоли  мо Тоҷикистон ҳамеша   ин қишри   ниёзманди  ҷомеа  зери  таваҷҷуҳу  ғамхорӣ қарор доранд  ва  яке  аз  фазилатҳои  неки  инсонӣ низ  дастгириву  кӯмак    аз  мардуми  эҳтиёҷманд дониста  мешавад.  Роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри  Бохтар, шахсони  саховатпешаи  шаҳр  минбаъд  низ  ин  иқдоми  савобҷӯёнаро  пайгирӣ  хоҳанд  кард.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.