Бохтар: Мақоми занон – омили рушду суботи ҷомеа

Форуми занони  шаҳри  Бохтар таҳти унвони «Баланд бардоштани  мақоми  занон – омили рушду  суботи ҷомеа» бахшида  ба  20-умин  солгарди   ба  тасвиб  расидани  Фармони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  тадбирҳои баланд бардоштани  мақоми  зан  дар ҷомеа»   баргузор  шуд.  

Дар  толори  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии   шаҳри  Бохтар, бо  иштироки узви комиссияи марказии  интихобот, Хидирзода  Махфират Умар, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода, намояндагии  мақомоти қудратӣ,  сарварони  муассисаҳои  таълимӣ,  роҳбарони  ташкилоту  муассисаҳои  шаҳрӣ,  фаъолзанон, донишҷӯёни  донишкада  ва  донишгоҳҳо, коллеҷу  омӯзишгоҳҳо   Форуми занони  шаҳри  Бохтар таҳти унвони «Баланд бардоштани  мақоми  занон – омили рушду  суботи ҷомеа» бахшида  ба  20-умин  солгарди   ба  тасвиб  расидани  Фармони  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  тадбирҳои баланд бардоштани  мақоми  зан  дар ҷомеа»    доир гашт. 

Зимни  ин ҳамоиш  узви   комиссияи  марказии интихобот  Хидирзода  Махфират Умар  андешаронӣ намуда, зикр дошт,  ки санаи  3-юми  декабри  соли  1999  Фармони  Президенти  мамлакат  «Дар бораи  тадбирҳои  баланд бардоштани  мақоми зан дар ҷомеа»  ба  тасвиб  расид. Ин  санади   тақдирсоз  пеш  аз  ҳама  ба  шинохти  чеҳраи сиёсии зани  тоҷик  мусоидат намуд.  Зеро маҳз   дар шароити соҳибистиқлолӣ   занону  бонувон тавонистанд,  ки  дар баробари  рисолати  модарию ҳамсарӣ, рисолати роҳбариро  низ  сарбаландона  иҷро  намоянд. Саҳми  занон  дар рушди  соҳаҳои маорифу  тандурустӣ, фарҳангу  алоқа, хизмати давлатӣ, соҳибкориву  ҳунармандӣ башорати  он  аст,  ки  имрӯз  сиёсати гендерии  давлат самараи  хуб додааст.  Дар сатҳи  зарурӣ  амалӣ шудани  барномаҳои  давлатии «Стратегияи  миллии фаъолгардонии нақши  занон дар ҶТ барои  солҳои 2015-2020», «Тарбия, интихоб  ва  ҷобаҷогузории кадрҳо  роҳбарикунандаи  ҶТ  аз  ҳисоби  занону  духтарони  лаёқатманд барои  солҳои 2017-2022», «Оид ба  пешгирии зӯроварӣ  дар оила  дар  ҶТ 2014-2023»  ва   як  қатор  санаду  барномаҳои  дигар боиси  баробарии  гендерӣ  дар  кишвар  мегардад.

  Хидирзода  Махфират  Умар  зимни  ҷараёни  ин вохӯрӣ  марбут ба  интихобот, роҳҳои  шаффоф  доир намудани  ин маъракаи  муҳими  сиёсӣ, омода  намудани  участкаҳои   интихоботӣ  изҳори  андеша   кард.

Дар   ҷараёни   форум  ҳамчунин намояндагони  мақомоти  қудратии  шаҳр,  прокуратура, шуъбаи вазорати корҳои  дохилӣ, амният  оид  ба  як  зумра  масоили  ҳалталаб, дуруст  таълиму  тарбия  намудани   фарзандон,  роҳ  надодан  ба  шомилшавии  ҷавонон  ба  гуруҳҳои  ифротӣ,  пешгирӣ намудани  либоспӯшии  ба  фарҳанги  миллии мо  бегона, паст  кардани  сатҳи  ҷинояткорӣ дар байни  занон  ибрози  назар намуданд.   Аз  аҳли  толор  даъват  ба  амал оварда  шуд,  ки  ҳамеша  ҷонибдори сиёсати оқилонаву  дурандешонаи роҳбарияти  ҳукумати кишвар намоянд  ва   дар ҳифзи  сулҳу субот, ваҳдату  ягонагӣ  саҳмгузор бошанд.

Исмоилзода   Абдуалим  раиси шаҳри  Бохтар  низ  оид ба  дастовардҳои  замони  соҳибистиқлолии  кишвар,  нақши  занон  дар  рушду  такомули   соҳаҳои  мухталифи  ҳаёти ҷомеа  андеша  ба  миён  овард.

Зимни  ин  ҳамоиш   аз  тарафи  донишҷӯдухтарони   фаъоли  муассисаҳои  олӣ ва  миёнаи касбии  ҳудуди   шаҳр    хизматҳои  шоёни  Президенти мамлакат, асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ободиву  шукуфоии  Ватан,   бо қироати  шеъру  таронаҳо  васф   карда  шуд.

Дар   интиҳои   форуми фаъолзанони  шаҳри  Бохтар  аз  тарафи  роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии шаҳри  Бохтар  ҳамчун  рамзи  эҳтиром  ва  хизматҳои  шоён  ба  Хидирзода  Махфират Умар, зан-модари  муваффақи   давр   сипоснома  супурда  шуд.  Аз  тарафи   роҳбарияти  ҳукумати шаҳри  Бохтар ҳамчунин  як  қатор  фаъолзанон  бо ифтихорнома  ва  сипосномаҳо  қадршиносӣ шуданд.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.