Бохтар: АКСИЯИ ТОЗАГИИ МАҲАЛ ТАҲТИ УНВОНИ «ШАҲРИ МАН – ИФТИХОРИ МАН»

Аксияи мазкур бо иштироки зиёда аз 10 ҳазор нафар бошандагони шаҳри Бохтар, кормандони ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, донишҷӯёну хонандагон баргузор гардид. Дар қисмати кушодашавии аксия ҳамагон назди майдони парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар ҷамъомада буданд. Гуфта шуд, ки аксияи номбурда бо дастури раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода ташкил шуд.

Шоиста Абдуназарзода, муовини раиси шаҳр суханронӣ карда, оид ба ҳадафи асосии баргузории аксия табодули афкор намуд. Зимни баромад изҳор гардид, ки ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 307 иншооти ҷашнӣ дар шаҳри Бохтар ба нақша гирифта шудааст, ки аксарияти онҳо алакай мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар соли 2019 иҷрои 102 банди нақшаи чорабиниҳои мазкур пешбинӣ гардида, дар даҳ моҳи соли равон 84 иншоот бо тасдиқи қарори раиси шаҳр ба истифода дода шуда, дар ҳисоботҳои оморӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Шоиста Абдуназарзода гуфт, ки дар асоси “Нақшаи кабудизоркунӣ, ниҳолшинонӣ ва солимгардонии муҳити зист дар шаҳри Бохтар барои соли 2019” аз тарафи ташкилоту идораҳои шаҳрӣ 6373 адад ниҳоли дарахтони ороишию ҳамешасабз ва ниҳоли гулу гулбуттаҳо 2300000 адад, аз ҷумла ниҳоли гулҳои лола, садбарг ва дигар гулҳои мавсимӣ дар майдону хиёбонҳо ва назди хонаҳои истиқоматӣ 41 ҳазору 107 метри мураббаъ майса кишт карда шудааст. Баҳри сазовор истиқбол намудани рӯзи Ваҳдати миллӣ дар боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Раҳмон Мӯрчаев ва боғи “70 – солагии водии Вахш” таъмиру азнавсозӣ намуда, дар қитъаҳои кабудизоркунии онҳо зиёда аз 250 адад дарахтони ороишии нодир шинонида шуданд.  Боиси таъкид аст, ки бахшида ба ҷашнҳои болозикр аксияҳои “Тозагии маҳал”, “Тозагии соҳил” гузаронида шуданд ва имрӯз аксияи «Шаҳри ман – ифтихори ман» баргузор гардида истодааст.

Сипас, аз тарафи ихтиёриёни бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ба сокинони шаҳр ва ҳар нафаре, ки дар маркази вилоят қарор дорад қисман варақаҳои иттилоотӣ тақсим намуданд. Варақаҳои иттилоотӣ дар бораи аксияи тозагии маҳал ва даъват дар корҳои ҷамъиятӣ буданд.

Дар қисмати дигар зимни раванди ҳашари умумишаҳрӣ ба аксарияти иштирокчиёни аксия, ки дар тозагии маҳал саҳм мегузоштанд, баҳри ҳавасмандгардонӣ туҳфаҳо тақдим карда шуд. Ҳоло аксия идома дорад.

 

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.