Бохтар: АКСИЯИ ТОЗАГИИ МАҲАЛ ТАҲТИ УНВОНИ «ШАҲРИ МАН – ИФТИХОРИ МАН» САНАИ 30 НОЯБРИ СОЛИ 2019

Аксияи тозагии маҳал таҳти унвони «Шаҳри ман – ифтихори ман»  бо дастури раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 30 ноябри соли 2019 бо иштироки зиёда аз 10 ҳазор нафар бошандагони маркази маъмурии вилояти Хатлон ва намояндагони васоити ахбори омма баргузор хоҳад гашт. Дар робита ба ин, имрӯз назди муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода бо иштироки мудирони шуъбаҳо ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ҷамъомад доир шуд, ки дар оид ба омодагӣ ба аксия сухан мерафт.

Муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода аз рӯи нақша – чорабинии тасдиқнамудаи раиси шаҳр аз вазъи омодагӣ ба аксияи номбурда пурсон шуд. Сипас, баҳри босифати баланд омода будан ва ҷойҳои ифтитоҳи аксия масъулонро вазифадор намуд.  

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.