Бохтар: РАВАНДИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

      Имрӯз раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ва дигар ҳамроҳон бо рафти сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос гардид. Хусусан аз бинои Кохи фарҳангӣ, сохтмони бинои ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва гирдогирди назди бозори Ҳоҷӣ Шариф дидан намуд. Зимни шиносои бо рафти сохтмони бинои Кохи фарҳангӣ раиси шаҳр дастур дод, ки кори сохтмониро тезтонидан ҳатмист. Сохтмончиёнро зарур аст, ки ба сифати сохтмон диққати ҷиддӣ диҳанд. Дар самти ба талаботи рӯз ҷавобгӯй намудани бино аз имконият бо хубӣ истифода кунанд. Баҳри дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани кор А. Исмоилзода муовини аввали худ ва дигар масъулонро вазифадор кард. Сипас, аз раванди корҳои сохтмонии бинои ҲХДТ дар маркази вилоят дидан карданд. Ошёнаи якуми бинои мазкур алакай анҷом ёфта, ошёнаи дуюм идома дорад.

Раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода аз нақшаи гирдогирди назди бозори Ҳоҷӣ Шариф дидан намуд. Тибқи нақша дар чорроҳаи назди бозори Ҳоҷӣ Шариф гирдогирд бунёд мегардад. Алакай корҳо дар ин самт оғоз гардидаанд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.