Бохтар: АЗ РАФТИ ЯК ВОХӮРӢ

Тибқи нақша-чорабиниҳои мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, баҳри пешгирии ҷавонону наврасон аз шомил шудан ба гурӯҳҳои ифротӣ ва даст задан ба ҷинояткорӣ, риояи низомномаи муассисаи таълимӣ, баланд бардоштани сифати дониши хонандагон вохӯрии озод бо хатмкунандагони муассисаҳои шаҳр бо иштироки намояндагони мақомот доир гардида истодааст.

Ин навбат дар вохӯрии хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №3 муовини раиси шаҳри Шоиста Абдуназарзода, роҳбари КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Т. Наҷидуллоев, мудири шуъбаи маориф Қ. Забирзодда ва дигар намояндагони мақомот ширкат варзиданд. Дар суханронии худ Шоиста Абудназарзода сабабҳои даст задани ҷавонону наврасон ба ҷинояткорӣ ва ташкили муноқишаҳои гурӯҳии хонандагон ёдовар гардида, ин вазъро дар шаҳр нигароникунанда арзёбӣ намуд. Қайд доштанд, ки яке аз омилҳои ба корҳои ношоям машғул шудани, аз ҷумла хонандагон ба дарс дер ва беомодагӣ омадани онҳо мебошад. Махсусан ин ҳолатро дар муассисаи рақами №3 ташвишовар қайд кард.

Масъалаи дигаре, ки муовини раиси шаҳри Бохтар баррасӣ намуд, истифодаи нодурусти телефони мобилӣ ва сомонаҳои иҷтимоӣ буд.  Омадани хонандагон бо телефони мобилӣ ба муассисаи таълимӣ қатъия манъ аст, аммо мушоҳида меравад, ки  то ҳол ин масъала хубтар аз ҷониби омӯзгорон назорат карда намешавад идома дод дар суҳбати худ Шоиста Абдуназарзода

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.