Бохтар: ВОХӮРИИ ГУРӮҲИ ТАБЛИҒОТӢ БО СОКИНОНИ МАҲАЛЛАИ “ХАТЛОН”

Ҳамарӯза вохӯриҳои гурӯҳҳои таблиғотии назди  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар зери роҳбарии муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзодда бо сокинони маҳаллаҳо ва хатмкунандагон дар муассисаҳои таълимӣ доир гардида истодааст.

Вохӯрии мазкур дар бораи Стратегия оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Пешгирии зӯроварӣ дар оила”, пешгирии ҷинояту қонуншиканӣ дар байни ҷавонону наврасон мебошад.

Дар вохӯрие, ки бо сокинони маҳаллаи “Хатлон” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 бо иштироки муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзодда, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Талбак Наҷидуллоев, роҳбари собиқадорони ҷангу меҳнат Тутихон Назарова ва дигар масъулон доир гардид.Зикр шуд, ки пеш аз ҳама волидонро мебояд фарзандони худро соҳибилм ва соҳибкасб намоянд. Ҳамарӯза аз рафти таълими онҳо дар муассисаҳои таълимӣ ҷиддӣ назорат баранд.

Шоиста Абдуназарзодда дар суханронии худ  ба сокинони маҳаллаи мазкур қайд намуд, ки яке мушкилиҳое ташвишовари шаҳр ин  пошхурии оилаҳо ва ташкили ҷангҳои гурӯҳӣ миёни ҷавонону наврасон мебошад. Омилҳои рӯх додани ин ҳодисаҳо ва зиёд шудани онҳо, беаҳамиятии волидон нисбати фарзандон, аз таълиму тарбия дур мондани ҷавонону наврасон ва омода набудани ҷавонон ба ҳаёти мустақилона мебошад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.