Бохтар: «ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Имрӯз аз субҳи барвақт шаҳри Бохтар қабои идона ба бар намуда буд. Хурду бузурги маркази маъмурии вилояти Хатлон дар даст парчам, бо либоси идона, чеҳраи шукуфон ва ҳисси баланди ватандӯстию хештаншиносӣ ба истиқболи Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меомаданд. Нахуст ба ифтихори ин рӯз дар даст шиору овеза, навиштаҷот ва парчамҳо ҳамагон раҳпаймои намуданд, ки қадамзанӣ бо ин ҷамъи мардум ҳисси меҳанпарстии шахсро бедортар мекард.  

Майдони парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маркази баргузории чорабинии тантанавӣ буд. Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ва дигарон дар ин чорабинии тантанвӣ иштирок доштанд.

 Раиси вилоят Қ. Ҳакимзода бошандагони вилоят ва кишварро ба ин рӯз шодбош гуфт. Пас аз суханронии роҳбарияти вилояти Хатлон барномаи фарҳангии аҳли ҳунар, рақсҳои дилнишини ансамбли рақсии «Ситора», ҳунарнамоии муҳасилини мактаби санъати бачагони шаҳр пешкаш гардид, ки саропо мавзӯи Ватан – Модарро дар бар дошт. Чорабинӣ дар сатҳи баланд ва хушу хотирмон анҷом ёфт.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.