ТЕРОРРИСТОН МОРОНИ ЗАҲҲОКРО МЕМОНАНД

      Терорристону ифротгароён,ки мардумро ба гумроҳӣ ва хонахаробӣ мерасонанд, аз морони китфҳои Заҳҳок камӣ надоранд ва онҳо низ бештар ҷавононро ба худ мекашанд, - гуфта шуд – дар вохӯрии иттиилоотӣ-фаҳмондадиҳие, ки Коллеҷи аграрии шаҳри Бохтар баргузор шуд.

     Дар вохӯрии мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон,1.JPG мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар, мақомотҳои қудратӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ва донишҷӯёни Коллеҷи аграрии шаҳри Бохтар ширкат доштанд.

     Баромадкунандагон вобаста ба вохӯрие, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 12 майи соли ҷорӣ бо аҳли зиёи мамлакат баргузор карданд, андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки шароиту имконият барои намосгузорон дар масҷидҳо муҳайё мебошад. Ифротгароён аз дур истода, бобати давлатдории имрӯзаи тоҷикон суханони иғвоангезона мегӯянд, ки саропо бардурӯғ мебошанд. Илова шуд, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон дар даврони Иттифоқи Шӯравӣ ҳамагӣ 4 масчид буд ва имрӯз дар даврони соҳибистиқлолии кишвар 2000 адад масчид мавриди истифода қарор дорад, ки ин ҳама самараи тинҷиву осоиштагии меҳан мебошад.

      3_4.JPGИнчунин дар бораи тероризму экстреризм ва гурӯҳҳои ифротӣ табодули афкор гардид. Қайд шуд, ки гурӯҳҳои мазкур бо истифода аз сустиродагии баъзе аз ҷавонони мо онҳоро ба доми фиреби худ мекашанд. Махсусан қисмате аз ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб карда мешаванд, ки боиси таасуф аст. Ҷавононро мебояд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарғиби ҳисси баланди ватанпарастиву инсондӯстии мардуми сарбаланди тоҷик, ҳифзу нигаҳдории арзишҳои миллӣ ва тинҷиву осоиштагии меҳан кунанд. Вале мутаасифона бар ивази ин ба корҳое машғул мешаванд, ки ба имрӯзу фардояшон хатар эҷод мекунад.

Чунин вохӯриҳо аз рӯи нақша дар муассисаи таълимии №15 ва муассисаи таълимии давлатии «Хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бохтар баргузор гардид. Мавзӯи мазкур дар вохӯриҳо бо хубӣ мавриди таҳлили аъзоёни гурӯҳи корӣ қарор гирифта, шарҳи васеъ ёфт. Фаъолияти гурӯҳи корӣ дар шаҳри Бохтар идома дорад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.