ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ БОХТАР МУҲТАРАМ АБДУАЛИМ ИСМОИЛЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дӯстони азиз!
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, ифодагари рамзи ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи са-фед, умед ба ояндаи нек ва лоиқи эҳтироми пиру барнои кишвар гардидааст. Парчами миллат дар қатори дигар муқаддасот рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу ному¬си миллӣ мебошад.
Парчам дар забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун истилоҳ ба маънои ливо, байрақ, дирафш ва рамзи давлатӣ омадааст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» навишта шудааст, ки парчам ин пӯпаки абрешимиест, ки ба нӯги байрақ мебастанд.
Парчамдориву парчамбардорӣ ба халқи мо аз аҷдодон мерос монда, пайдоиши парчам таърихи хеле қадимӣ дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардуманд.
Рамзҳо хеле гуногунанд, мисли Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, мӯҳри давлатӣ ва ғайра. Дар ин миён парчам ҳамчун рамз таърихи хеле бою рангин ва қадимиро дорост. Парчам бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун яке аз рамзҳои асосии давлату миллат ончунон мавқеи худро устувор кардааст ва мазмуну моҳияти муҳим касб намудааст, ки имрӯз мавҷудияти ҳеҷ як давлат, озодӣ ва истиқлоли онро бидуни парчам наметавон тасаввур намуд.
Дар таърихи қадимии рамзҳо парчам ба рамзи пирӯзӣ ва сипас ба рамзи давлатдорӣ табдил ёфта буд. Ҳар шахсе ба қудрат мерасид, соҳиби тахту салтанат мегашт, тоҷи шоҳӣ ба сар мениҳод, парчамро азизу муқаддас медо-нист ва онро баланд меафрохт. Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ Шоҳ Фаридун парчами худро бо сангҳои қиматбаҳо ва тасвири ситораи чоргӯшаи тиллоӣ ва шилшилаҳои (лентаҳои) сурх, зард ва бунафш оро дода, онро «Дирафши Ковиёнӣ» номид. «Дирафш» аз вожаи дирафшидан, дурахшидан, рӯшноӣ додан, партав афкандан ва тобидан сохта шудааст ва ба маънои парчам, алам, аломату байрақ омадааст. Ёдовар мегардем, ки дар таърихи давлатдории тоҷикон марҳилаи арҷгузории Парчам аз «Шоҳнома»-и без-аволи Фирдавсӣ дар бораи корномаи Коваи оҳангар, ки дар қатори мардуми осоишта ба меҳнати ҳалолу покиза умр ба сар мебурд, ба мушоҳида мерасад.
Коваи оҳангар аз зулму ситами Заҳҳоки морон, ки дар баробари ҷавонони зиёди кишвар ҳабдаҳ писари ӯро низ тӯъмаи моронаш карда буд, ба дод омада, чун нишони эътироз пешдомани чармии худро бар сари найза ка-шида, мардумро ба шӯриш даъват мекунад ва пирӯзӣ ба даст меоварад. Баъди ин шӯриш Заҳҳок сарнагун ва шоҳ Фаридун сари тахт омада, пешдомони Коваи музаффар «Дираф¬ши ковиён»-ро ҳамчун парчам пазируфта, бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад.
Саҳифаҳои таърих ин рӯйдодро ба қайд гирифта, минбаъд он намунаи ифтихори ватандӯстонаи мардумони мо муаррифӣ гардидааст. Аз ин рӯ, парчами Коваи оҳангар дар зеҳни мардуми ориёӣ то имрӯз ҷалолу ҳашамати таърихии худро гум накарда, боз ҳам қадру манзалаташ афзун мегардад. Аз он айём нисбат ба Парчам ҳамчун рамзи мубориза барои озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва давлатдории аҷдодон садоқати мардумӣ зи¬ёдтар гардид.
Пас аз пош хӯрдани давлати абарқудрати Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳуриҳои иттифоқ, аз ҷумла, Тоҷикистон марҳилаи нав оғоз ёфт. Ҷумҳуриҳои иттифоқ давлатҳои соҳибистиқлолу озод гардиданд ва ин боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро ҳамчун рамзи давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатӣ қабул кунад.
24 ноябри соли 1992 Иҷлосияи ХVI тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Арбоб Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард ва бо ҳамин дар таърихи парчамдории тоҷикон саҳифаи нав оғоз шуд. Маҳз дар ҳамин рӯз кишвари мо соҳиби яке аз рамзҳои асосии давлати соҳибистиқлол гардид.
Парчами миллии мо дар радифи Конститутсия, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти асосии давлатӣ маҳсуб меёбад.
Парчами давлатии Тоҷикистон матои росткунҷаест, ки аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он бо рахи поёнӣ- сабз баробар мебо¬шад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои ҳар яке аз рахҳои ранга аст. Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира кашида шудаанд. Мутобиқати бару дарозии умумии парчам 1:2 аст.
Ранги сурх дар парчами мо – ин рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ дар роҳи озодӣ ва истиқлол, ранги сафед – рамзи покӣ, озодагӣ, роҳи сафед ва бахту иқболи нек, ранги сабз – рамзи ҳаёт, сарсабзиву хуррамӣ, созандагиву бунёдкорӣ мебошад. Дар парчам инчунин тасвири тоҷ ва ҳафт ситора ҷой дода шудааст. Тоҷ – рамзи шукӯҳу шаҳомат, рамзи давлат, соҳибдавлатӣ ва истиқлолият аст.
Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад.
Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон- шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди ватандӯсти мамлакат гардид. Бешубҳа, қомат афрохтани Парчами миллӣ, ки баландтарин дар ҷаҳон аст, бо маҷмӯи биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ҳусну зебоии тоза бахшида, мавзеи ҷойгиршавии онро «Майдони парчам» номгузорӣ намуданд.
Боиси хушнудист, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ – 2018 дар шаҳри Бохтар низ парчам бо баландии 55 метр, бо андозаи 14 ба 7 метр бо иштироки Сар¬вазири мамлакат Қоҳир Расулзода мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Майдони «Парчам» дар шаҳри Бохтар имрӯз ҷойи дидан¬боб ва макони фароғатии сокинони шаҳр гаштааст.
Бояд зикр намуд, ки рамзҳои давлатӣ шиносномаи соҳибистиқлолии мамлакат буда, тавассути онҳо давлати моро тамоми ҷаҳон мешиносад. Рамзҳо мазмун ва моҳияти мушаххаси идеологӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоиву си¬ёсиро бар дӯш доранд. Бо эҳсосоти баланд муносибат намудан ба рамзҳои давлатӣ ифодаи муҳаббат ба Ватан аст. Табиатан ҳар ин¬соне, ки дар дилу дидааш меҳри Ватан ҷой дорад, парафшонии ливои миллӣ ба ӯ эҳсоси худшиносию арҷгузорӣ ба арзишҳои олии ватандорӣ мебахшад. Чунончӣ, ҳангоми садо додани Суруди миллӣ таппиши қалбҳоямон дигаргун мешавад, вуҷудамонро ифтихор ва шодиву сурур фаро мегирад. Борҳо дидаем, ки ҳангоми боло бардоштани Парчами миллӣ ба ифтихори ғолибият дар мусобиқаҳои вар-зишии байналхалқӣ аз чашмони варзишгарони ғолиб ашки шодӣ мерезад.
Истифодаи рамзҳои давлатӣ дар тарбияи насли наврас аҳамияти муҳим дорад, зеро дар ҷараёни тарбия моҳияти рамзҳои давлатӣ, ҳокимияти давлатӣ, хусусияти фарқкунандаи он дар муқоиса бо дигар давлатҳо ба наврасон ва ҷавонон (ва ҳатто ба кӯдакон) фаҳмонида мешавад. Бо ин роҳ ифтихори ватандории онҳо боло бардошта мешавад.
Дар ин росто 12 октябри соли 2016 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид намуданд. Тибқи ин тағйирот, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рамзҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад, дар биноҳои маъмурию иҷтимоӣ, маишӣ, корхонаҳо ва манзилҳои шаҳрвандон бо ифтихор партавафшонӣ мекунад. Яъне дар паи ин тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» маконҳои истифодаи Парчами давлатӣ дар кишвар васеъ гардонида мешаванд, ки ин ба ташаккули худшиносии миллӣ ва ифтихор аз миллату давлатдорӣ мусоидат менамояд.
Дӯстони азиз!
Сокинони шаҳри Бохтар низ дар радифи тамоми мардуми Тоҷикистон таҳти Парчами давлатӣ, дар атрофи Пешвои муаззами худ - Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, баҳри ба даст овардани комёбию музаффариятҳои нав ғайрату заҳмати худро дареғ нахоҳанд дошт. Мардуми заҳматпешаи маркази вилоят минбаъд низ зери парчам баҳри ояндаи дурахшон ва ободиву пешрафти сарзамини биҳиштосои хеш содиқонаю софдилона меҳнат мекунанд. Зеро таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашни фарзандони шуҷои Ватан, лаҳзаи эҳсоси масъулияти ватандории ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва адои қарзи фарзандӣ дар назди давлат ва миллат мебошад.
Итминони комил дорам, ки дар идомаи раванди созандагиву бунёдкорӣ ҷиҳати татбиқи пурраи ҳадафҳои стратегӣ, боло бурдани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва амалӣ намудани нақшаҳои нави созандагӣ Парчами давлатӣ раҳнамову илҳомбахши ҳар як нафари мо хоҳад буд.
Бори дигар ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, бароятон тани сиҳат, хонаи обод ва беҳтарин хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак!

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.