Ш. Абдуназарзода: “Ояндаи фарзанд аз тарбия ва маърифатнокии волидайн вобастагии амиқ дорад”

Аз байн бурдани зӯроварии хонаводагӣ, тарбияи фарзанд, дур будан аз бегонапарастӣ ва шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мавзӯҳои асосии вохурии навбатии гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар буд.

Дар маҳаллаи Навобод бо иштироки гурӯҳи кори зери роҳбарии муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода ва иштироки мудири бахши кор бо занон Зарина Турахонова  ва дигар масъулон  вохурии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ гузаронида шуд.

        Сараввал муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода дар назди ҷамъомадагон баромад карда, иброз дошт, ки ояндаи фарзанд аз тарбия ва маърифатнокии волидайн вобастагии амиқ дорад, чунки оила макони асосии рушди фарзанд ба ҳисоб меравад. Агар фазои оила тинҷу осоишта бошад ва падару модар бетарафӣ нисбат ба ояндаи фарзанд зоҳир накунанд, он кӯдак дар оянда як шахсияти даркорӣ барои Ватан шуда метавонад. Имрӯзҳо мебинем, ки дар дасти хонандаи мактаб телефонҳои ҳушманд, ки нархи гарон доранд, ба мисли бозича гаштааст. Ба ҷойи таҳсил кардан вақти худро бештар дар сомонаҳои иҷтимоӣ мегӯзаронанд. Ҳамзамон баромадкунандагон оид ба аз бар намудани либосҳои ҳуруфотӣ, ки умуман ба минталитет ва фарҳанги миллии мо хос нест ибрози назар карданд. Гуфта шуд, ки аксар занону духтарон чунин либосҳоро ҳамчун муд ба бар менамоянд ва қисмати дигар бо хоҳиши наздиконашон мепӯшанд. Баҳри аз байн бурдани зуроварии хонаводагӣ баромадкунандагон бори дигар ба сокинон муроҷиат намуда, гуфтанд, ки фарзандонро дар руҳияи инсондӯстӣ тарбия намоянд. Ба ҷавонон тарзи дурусти пеш бурдани ҳаёти солим  ва бунёди оилаи  хушбахту  намунавиро омӯзонанд. Танҳо ҷомеае, ки дар он зуроварӣ дида намешавад, ҷомеаи солиму пешрафта шуда метавонад, иброз доштанд, масъулони ин ҷамъомад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.