Бохтар: «Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз»

Таҳти ҳамин унвон рӯзи 22 ноябри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии№ 14-и  шаҳри Бохтар конференсияи илмӣ-адабӣ бахшида ба «Рӯзи Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарияти муассиса, ҳайати омӯзгорон ва хонандагон дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Чорабинӣ бо садо додани суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Сипас, омӯзгорон аз таъриху тамаддуни парчамдории аҷдодони халқи тоҷик ёдоварӣ намуданд. Дар идома хонандагон   бахшида ба ин рӯзи таърихӣ - Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон викторина  ва намунаҳои парчамҳои қаблии Тоҷикистонро намоиш ва муаррифӣ карданд.

Дар охири чорабинӣ хонандагони муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 шеър ва сурудҳо дар васфи парчами давлатӣ қироат намуданд. Чорабинӣ дар сатҳи баланд ва хотирмон анҷом ёфт.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.