Намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор аз Парлумони Тоҷикистон дидан намуданд

     Имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ва аъзои кумитаи мазкур бо намояндагони Хазинаи Байналмилалии Асъор, ки бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, мулоқот намуданд.

     Тавре аз маркази матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар доираи мулоқот масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявию иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилоту идораҳои молиявии байналмилалӣ, аз ҷумла Хазинаи мазкур дар татбиқи сиёсати иқтисодӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст.

    Ш. Раҳимзода мулоқоти мазкурро воситаи хуби таҳкими ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ва омили вусъатбахши дигаргунсозиҳои иқтисодии кишвар арзёбӣ намуд.

    Зимни мулоқот ҳамчунин тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти паст кардани шиддати таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт ва тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ёдоварӣ гардида, изҳори итминон карда шуд, ки дар оянда низ шарикони рушди Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд бо роҳи дастгирии буҷети давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию молиявӣ нақши муносиб хоҳанд гузошт.

Зикр гардид, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи олӣ робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хазинаи Байналмилалии Асъор дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи навро касб менамоянд.

ДУШАНБЕ, 18.05.2018. /АМИТ «Ховар»/.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.