Бохтар: БИНОҲОИ БАЛАНДОШЁНА БА ИСТИФОДА СУПОРИДА ШУД

        Имрӯз ду бинои баландошёна мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Дар кушодашавии иншооти ҷашнӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода иштирок намуданд.

        Бинои баландошёна аз тарафи соҳибкор Гуландом Зайниддинова ба маблағи 2 млн 300 ҳазор сомонӣ омода гардидааст, ки аз 24 ҳуҷра иборат мебошад. банои мазкур дар маҳаллаи Дӯстии халқҳо, кӯчаи Кайҳонавардон қомат афрохтааст. Зимни кушодашавӣ як ҳуҷра бо маблағи 50 фисад аз нархи аслиаш кам ба яке аз омўзгорони ДДБ баноми Носири Хусрав ва бо кам кардани 30 фисад аз нархи аслӣ ба донишҷўи донишгоҳи номбурда пешкаш гардид.

 Ба ҳамин монанд бинои дигаре низ ба истифода супорида шуд, ки аз 30 ҳуҷра иборат мебошад. ин бино бо маблағгузории соҳибкори ватанӣ Ҷумабек Ғиёсов бо харҷи 2 млн 370 ҳазор сомонӣ омода гардидааст. Бинои мазкур дар маҳаллаи болозикр ҷойгир мебошад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.