Бохтар: ЧОРАБИНӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ

13 –уми ноябр  бо иштироки муовини раиси шаҳри Бохтар Абдуназарзода Шоиста, мудири маорифи шаҳр Забирзода Қурбонбӣ,  директори кўдакистони №24-и шаҳр ва ҳайати мурабиён, волидони тарбиятгирандагон ва кўдакон дар муассисаи томактабии №24 чорабинӣ баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо иштирок ва баромади худи кӯдакон гузаронида шуд. Ин ҷо тарбиятгирандагон бо забони русӣ баромад карданд. Дар ин мавзӯъ кӯдакон маҳорату малакаи худро дар қироъати шеърҳо, суханварӣ нишон доданд. Инчунин як чанд машғулиятҳо намоиш дода шуд.

Дар охири чорабинӣ  муовини раиси шаҳр Шоиста Абдуназарзода ва мудири маорифи шаҳри Бохтар барои дар сатҳи баланд ва таёрии хуб ба маъмурияти кӯдакистон ва мурабияҳо аҳсан гуфтанд.  Шоиста Абдуназарзода  таъкид доштанд, ки дар тарбияи кӯдакон боғча нақши аввалиндараҷаро мебозад, зеро ҳар он чи, ки кӯдак дар хурди меомўзад ҳеҷгоҳ фаромўш нахоҳад кард.

Чунин чорабиниҳо дар дигар муассисаҳои таълимӣ ва томактабии шаҳри Бохтар идома дорад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.