Бохтар: НАМОИШИ ТАОМҲОИ  МИЛЛИИ КОРЕЯГӢ

Намоиши таомҳои миллии кореягӣ, ки бахшида ба Рӯзи Президент дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 доир гардид, хотирмон буд. Дар он муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода, раиси ҷамъияти кореягиҳо дар вилояти Хатлон Виктор Сой, мудири шуъбаи маорифи  шаҳр Қурбонбӣ Забирзода ва омӯзгорону хонандагони муассисаи мазкур, волидони хонандагон ширкат варзиданд.

Муовини раиси шаҳри Бохтар Шоиста Абдуназарзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, дар баромади худ оид ба намоиш додани ҳунарҳои мардумӣ ва пос доштани онҳо, такмили забономӯзии хонандагони муассисаҳои миёна, дӯстии Кореяи Ҷанубӣ бо Тоҷикистон ёдовар гардид. Ҳамзамон Шоиста Абдуназарзода аз нигаронии Пешвои миллат дар масъалаи забономӯзии хонандагон ёдовар гардид. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ чунин иброз доштанд: “Ҳанӯз соли 2003 Фармони Президенти кишвар дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ қабул шуда буд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нестанд. Агар мо хоҳем, ки бо ҷомеаи пешрафтаи башар баробар қадам гузорем, бояд ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳем”.

Миёна: 5 (2 votes)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.