БОХТАР: «Нақшаи сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлат 100 % таъмин гардид»

     Шаҳри Бохтар дирӯз нақшаи сафарбаркунии ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 фисад таъмин намуд.

Ба иттилои комиссияи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ин мавсими даъват низ мувофиқи матлаб ва дар сатҳи баланд иҷро гардид ва сафи хоҳишмандон барои адои хизмати ҳарбӣ зиёд буданд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани ин мавсими даъвати ҳарбӣ гурӯҳҳои корӣ бо аҳолӣ, ҷавонону наврасон алакай чанд моҳ қабл корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда буданд. Ин буд, ки пеш аз муҳлат нақшаи даъвати ҳарбиро маркази маъмурии вилояти Хатлон дар сатҳи баланд иҷро кард.

         Дар ҳақиқат ҳомиёни ватан дар мавриди таъмини амнияту осудагии ҷумҳурӣ нақши созгор доранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ вазъи хизмати сарбозон рӯз то рӯз рӯ ба беҳӣ ниҳодааст. Метавон эҳсоси фараҳмандӣ намуд, ки  ҷавонони имрӯза бо ҳисси баланди ватандорӣ, баҳри ободиву осоиштагии ватан-модар сарбаландона хизмати  ҳарбиро ба ҷо меоранд.

Лозим ба ёдоварист, ки айни замон маҳорати ҷангӣ ва қобилияти касбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ қарор дошта, дар муқоиса ба солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ ба неруи тавоно табдил ёфтааст. Дар давраи мавҷудияташ Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол собит кард, ки ҳамчун такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат дар таъмини сулҳу субот нақши муассир дорад.

         Доиман гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва комиссияи даъват ин мазмунро ба хурду бузурги шаҳр шарҳи васеъ дода, дар баландбардории ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон мусоидат мекунанд. Ин ҳама корҳои тарғиботи доиман натиҷаи дилхоҳ хоҳанд дод.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.