САНҶИШ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

    Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар бо роҳбарии муовини раиси шаҳр Абдуназарзода Шоиста муассисаҳои таълимиро оид ба иҷроиши қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мавриди санҷиш қарор дода истодаанд.

     Дар санҷиши мазкур ба иҷроиши ҳамаи пунктҳои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи3_3.JPG масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» диққати махсус равона гардидааст. Аз ҷумла давомоти хонандагон дар дарс, ҳолатҳои рӯзномадорӣ ва китобдорӣ, сару либоси ягонаи мактабӣ, назорат ва корбарии комиссияи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар самтҳои алоқаманд мавриди санҷиш карор доранд.

    Ёдовар мегардем, ки чунин санҷишҳо ҳамасола дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар гузаронида мешаванд. Ҳадафи аслии гузаронидани санҷиш ин ошкоркунии камбудиву норасогӣ ва ислоҳи онҳо, беҳтар намудани фаъолияти корӣ, иҷроиши босифати қоунуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад.

Миёна: 5 (1 овоз)
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.