ҲАСУДХУРОН БА ҲАДАФ НАМЕРАСАНД

Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон аз давлатҳои    пешсафе маҳсуб меёбад, ки дар кутоҳтарин муддат ҷанги дохилии худро ором кард, худро барқарор намуд ва баробари давлатҳои пешрафта қадамҳои устувор гузошт. Маҳз сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат буд, ки дар ҳама самтҳо Тоҷикистон қадамҳои устувор гузошта, муваффақ гашт. Дар гурӯҳи давлатҳои оромтарини дунё шомил гардид.

Сулҳу оромӣ, якдилию иттифоқии мардуми сарбаланд, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, беҳшавии зиндагии мардум ва муҳайё гардидани зиндагии шоиста, соҳибкасбу донишманд гардидани наврасону ҷавонон, дар сатҳи баланд қарор гирифтани муносибатҳои байналмилалӣ, раводиди хуб бо кишварҳои азим ва созмонҳои байналмилалӣ, пешрафт кардани соҳаи сайёҳӣ ва ба кишвари афсонавӣ табдил ёфтани Тоҷикистони биҳиштосо душманони давлату миллатро дарунсуз мекунад. Нисбати оромӣ ва пешравиҳои мо ҳасудхурӣ намуда, бо ҳар роҳ кӯшиши халалдор намудани сулҳу тинҷии кишварамон мекунанд. Аммо итминон ва боварӣ дорем, ки ҳасудхурон ҳаргиз ба ҳадаф намерасанд!

Тоҷикистон имрӯз 25 – солагии қабули Рӯзи Конститутсияи худро таҷлил мекунад. Маҳз 25 сол мешавад, ки ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати халқҳои Тоҷикистонро ифода менамояд.

Ёдовар бояд гардид, ки аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” аз муассисаҳои ислоҳӣ ва тафтишотии воқеъ дар вилояти Хатлон то рӯзи 1 ноябр ҷамъан қариб 1700 маҳбус, ки миёни онҳо занон ва ноболиғон низ ҳастанд ба хонаҳои худ баргаштанд. Хусусан дар арафаи таҷлили Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на ҳар кас ва на ҳар давлат маҳбусонро озод мекунад ва гуноҳи онҳоро авф менамояд. Ин албатта, бо як далели дигари инсондӯстона будани сиёсати дохилии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Боиси таасуф аст, ки тибқи хабари нашрнамудаи АМИТ «Ховар» санаи 06.11.2019 соати 7:22 дақиқа шаби 6 –уми ноябри соли 2019, соати 03:23 дақиқа, гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар шахсони номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷум карданд.

Хушбахтона зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишон (АКМ)-ро тасарруф намуданд. Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои қудратӣ 15 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷинояткор, ки дар иҳота қарор доштанд, безарар гардонида шуда ва 5 нафари онҳо боздошт гардиданд. Боиси таасуф аст, ки дар ин муноқиша 1 сарбози Қӯшунҳои сарҳадӣ ва 1 корманди Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҳалок шуданд, ки хурду бузурги Тоҷикистонро ғамгин мекунад. Зеро ин абармардони давлату миллат 1 нафар сарбоз ва дигаре корманди ВКДҶТ дар ҳимояи давлату миллат бо нангу номуси миллӣ ҷони худро аз даст доданд.

Тибқи иттилои манбаъ, айни замон дар ҷойи ҳодиса, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ таъсис дода шуда, таҳқиқи ҳодиса идома дорад.

Дар ҳақиқат ин ҳодиса бори дигар фарзандони бонангу номуси давлату миллати тоҷикро ҳушдор медиҳад, ки нохалафон, душманони давлат ин ҳама оромӣ ва боигарии Тоҷикистонро дида, доиман дар фикри зарари худро расонидан мебошанд. Аз ин лиҳоз, бояд ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи ватан, марзу бум, модар ва хонаву дари худ устуворона ва бо ҷасорати баланд дар ҳолати омодабош буда, ҷони худро дареғ надорем.

Албатта, ин ҳасудхурон ва душманони Тоҷикистон ҳаргиз ба ҳадафи разилонаи худ нахоҳанд расид!!!

                                                                         Сорбони Муҳаммад, 

шаҳри Бохтар

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.