Бохтар: Семинар – машварати омӯзишӣ оид ба омодагӣ барои интихобот

Дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар семинар – машварати омӯзишӣ оид ба омодагӣ барои интихоботҳои дарпешистода бо иштироки Худоёрзода Бахтиёр, раиси Кумитаи марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносон Раҳмон Далер ва Эмомалї Миралиев, раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ва Ѓазалшо Сафарзода, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон баргузор гардид.

Сараввал, раиси шаҳр Абдуалим Исмоилзода суханронӣ намуда, дар бораи ҳадафи ташкили семинари мазкур табодули афкор кард.

Баъдан Худоёрзода Бахтиёр зимни баромад зикр намуд, ки омодагиро бояд дар сатҳи баланд дид. Ягон камбудию норасои ба чашм нарасад ва интихоботҳои навбатӣ дар сатҳи баланд ва мувофиқ ба талаботи замон гузаронида шавад.

Сипас, суолу ҷавоби озод гуроанида шуд. Раҳмон Далер қайд кард, ки дар вилояти Хатлон 14 - ҳавзаи интихоботӣ дар назар дошта шудааст. Барои ба интихобот ворид шудан танҳо шиносномаи шахс лозим аст ва танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи номзадии худро ба вакилӣ пешнињод карда метавонанд. Донистани забони давлатӣ аввалиндараҷа аст.

Дар семинар – машварати омӯзишӣ ба таври васеъ ҳамаи паҳлуҳои мавзӯъ шарҳ дода шуд.

Ҳеҷ овозе нест
 

Суроғаи мо

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

  кӯчаи Б. Ғафуров №9

Бинои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии  шаҳри Бохтар

 

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

facebook.pngmail.ru.pngyoutube.pngvk.png

 

 

Тамос бо мо

Tel: (83222) 2-23-44

Fax: (83222) 2-49-59

Email: kadrho.qurghonteppa@khatlon.tj

Zircon - This is a contributing Drupal Theme
Design by WeebPal.